Чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия баргузор шуд.
Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни ду кишвар ва ҷалби сармояву дарёфти шарикон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва ғайра буд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим зимни суханрониаш зикр намуд, ки ҳоло шумораи кишварҳои хориҷие, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ доранд, мунтазам афзуда истодааст.
- Ҷумҳурии Федеративии Германия дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи мошинасозӣ, электротехника, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ, кишоварзӣ ва ғайра яке аз ҷойҳои намоёнро на танҳо дар Иттиҳоди Аврупо, балки дар миқёси ҷаҳонӣ ишғол мекунад. Аз ин лиҳоз, мо ба ҷалби соҳибкорони ин мамлакат ба соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, тандурустӣ, авиатсия, кишоварзӣ ва туризм дар асоси судмандии мутақобила ҳавасманд ҳастем, — афзуд мавсуф.
Мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисодиёти Ҷумҳурии Федеративии Германия профессор Линдер Райнер зимни суханрониаш зикр намуд, ки тасмим доранд то ба ширкатҳои олмонӣ бобати коркарди ашёи хоми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ва тавсияҳо диҳанд.
- Имрӯз Ҷумҳурии Федеративии Германия ба металлҳои нодир, ки дар истеҳсоли технологияҳои муосир фаровон истифода бурда мешавад, эҳтиёҷ дорад. Чунин маъданҳо дар Тоҷикистон фаровонанд. Тавре маълум аст, як қисмати ночизи пахтаи ҷамъоваришуда дар ҳудуди Тоҷикистон мавриди коркард қарор мегирад. Аз ин рӯ, бо дарназардошти технологияҳое, ки Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ихтиёр дорад, имкон аст, ки ҳамкориҳоро дар бахши коркарди маҳсулоти пахта ба роҳ монем, — гуфт Линдер Райнер.
Сипас, барои ҳамкорӣ ҷиҳати ворид намудани сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо идораҳои сармоягузории кишвар маросими баимзорасонии Ёддоштҳои тафоҳум байни КВД «Тоҷинвест»-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати DPU investment GmbH-и Ҷумҳурии Федеративии Германия сурат гирифт.
Инчунин барои сохтани маркази логистикӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ёддошти тафоҳум миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати DPU investment GmbH-и Ҷумҳурии Федеративии Германия ба имзо расид.
Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»