Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар мавзеи Марғоби дараи Ромит

№73 (3374) 28.05.2015

президент рашт

Бисту шашуми майи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, машқгоҳи ҳарбии кӯҳии воқеъ дар ин гӯшаи баландкӯҳро мавриди истифода қарор дод.

Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат роҳбарони ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва воҳидҳои низомӣ ва ҳамчунин роҳбарияти шаҳри Ваҳдат истиқбол гирифтанд.

Бо буридани лентаи рамзӣ ин машқгоҳи ҳарбии кӯҳӣ, ки барои машқу тамрин ва машғулиятҳои омодагии кӯҳӣ барои ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ басо муҳим аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст, зеро 93 фоизи ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Аз ин хотир, ба омодагии кӯҳии ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад».

Зимни шиносоӣ бо ин қароргоҳи кӯҳистонӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ барои будубоши тӯлонӣ ва ё доимӣ ва барои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои гуногуни омодагии кӯҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, обутоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар шароити душвори кӯҳистон, ба муддати тӯлонӣ зинда мондан дар ҳолатҳои муҳосира ва ё дур мондан аз марказҳои таъминотӣ ва ҳамчунин машғулиятгоҳҳои махсус барои задухӯрдҳои тан ба тан бо усулҳои гуногун, бозиҳои гуногуни варзишӣ ва ҳам тирпарронӣ аз намудҳои гуногуни яроқу аслиҳа омода гардидааст. Шароити зарурӣ ҳамчунин барои истироҳату фароғат ва чорабиниҳои фарҳангӣ низ муҳайё аст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин машқгоҳи ҳарбии кӯҳӣ ба наздикӣ машқҳои муштараки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитой ташкил ва гузаронида мешавад ва рафти онро вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мушоҳида хоҳанд кард.

Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо барои ба роҳ мондани чунин машқҳои васеъмиқёс ҳама омодагиҳо дида шудааст. Гузашта аз ин, худи ин мавзеъ барои ташкилу гузаронидани машқҳои ҳарбии кӯҳӣ ва обутоби ҷисмонию рӯҳӣ ва аз обу оташ гузаронидани низомиён басо мувофиқ аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи сохторҳои қудратию воҳидҳои низомӣ аз ин мавзеъ барои омодасозии ҷузъу томҳои махсус ва кӯҳнавардии худ васеъ истифода намоянд.

Ба масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар ҷойҳои холӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида, дар барқарорсозии ҷангалзор ҳам дар ин мавзеи зебои баландкӯҳ саҳмгузор бошанд.

www.president.tj