28 май – Рӯзи сарҳадчиёни тоҷик

Ташаккул ва рушди қӯшунҳои сарҳадӣ

№73 (3374) 28.05.2015

«Бо гузашти бист сол имрӯз метавонем дилпурона изҳор намоем, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ ба як сохтори воқеан муташаккилу муназзам ва неруи боэътимоди ҳифзи сарҳадоти мамлакат табдил ёфтаанд. Мо инро яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат мешуморем».

 Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии кишвар (27 майи соли 2014)

 

ЧАЪФАРЗОДА КСТавре дар моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Қӯшунҳои сарҳадӣ намуди махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷумҳурӣ таъин шудаанд».

Қӯшунҳои сарҳадӣ аз давраи таъсисёбӣ ин вазифаи пурмасъулиятро бо сарбаландӣ ба ҷо меоранд. Дар бораи фаъолияти ин сохтор хабарнигорамон бо муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Раёсати корҳои тарбиявӣ полковник Ҷаъфарзода Муҳаммад Ҳайдар ҳамсуҳбат шуд.

- Шумо ва тамоми марзбононро бо ин ид табрик менамоем. Вазъи имрӯзаи марзи давлатиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ташаккур. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадиро аз номи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенант Саймумин Ятимов ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо иди касбӣ табрик намуда, ба онҳо комёбиҳои беназир хоҳонам. Таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи навини давлати мо рӯйдоди муҳиму тақдирсоз дар пойдории давлату миллат, ҳифзи амнияти ҷомеа буда, нишонаи истиқлолияти сиёсии давлат ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ баҳо дода, гуфта буданд: «Бехатарии мамлакат аз сарҳад вобаста аст».

Аз ин ҷиҳат Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид мекунанд, ки ҷасуронаю мардонавор ҳифз кардани марзу буми кишвар, ҳимояи ҳар ваҷаб хоки Ватани азиз ва баҳри ин ҳадаф дареғ надоштани ҷону тани худ вазифаи муқаддаси ҳар як сарҳадчӣ аст.

Чораҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар оид ба таҳкими сарҳади давлатӣ андешида мешавад, ба баланд шудани самаранокии муқовимат ба убури ғайриқонунии марз, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ мусоидат менамоянд.

Соли 2014 аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62 амалиёти махсус оид ба пешгирии убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона 131 нафар қочоқчӣ дастгир, як тоннаву 208 кило маводи мухаддир, 28 адад яроқи оташфишон, миқдори калони лавозимоти ҷангӣ мусодира ва дар асоси далелҳо 65 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар давоми даҳ сол зимни амалиёти махсуси муштараки сарҳадбонон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 12 тонна маводи нашъадор мусодира гаштааст.

«Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» такмили минбаъдаи сохторҳои сарҳадии Тоҷикистон, тақвияти чораҳо дар самти қатъи қочоқи маводи мухаддир тариқи сарҳади давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи табодули байниидоравии иттилооти оперативӣ, гузаронидани амалиёти самарабахшро пешбинӣ менамояд. Вазъ дар сарҳади давлатӣ таҳти назорат қарор дорад.

- Доир ба фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддӣ — техникӣ ва таъмини мутахассисон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Қабл аз ҳама, Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондаанд. Принсипҳои ташкил ва фаъолият, таъинот, вазифа, сохтору салоҳияти он, намудҳои санҷишу назоратро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян менамояд. То ҳол ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои муосири ҳуқуқӣ, инчунин омодасозии мутахассисони баландихтисосу касбии соҳа тадбирҳои зиёде амалӣ шудаанд. Бо дарназардошти омода намудани кадрҳо барои Қӯшунҳои сарҳадӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001 таҳти №256 Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ таъсис ёфт. Давоми ин солҳо зиёда аз 600 нафар афсарони ҷавон омӯзишгоҳро хатм карда, дар минтақаҳои гуногуни сарҳадӣ адои хизмат менамоянд. Инчунин дар заминаи омӯзишгоҳ курсҳои такмили ихтисос ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил шудааст.

Мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ бештар аз 1000 нафар курсант дар мактабҳои олии ҳарбии Федератсияи Россия, Қазоқистон таҳсил карда, баъди хатми онҳо ҳамчун афсар хизмат менамоянд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии кишвар (27 майи соли 2014) таъкид доштанд: «Корро дар бобати мукаммал гардондани ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо кадрҳои баландихтисос боз ҳам беҳтар ба роҳ мондан зарур аст».

- Дар ин муддат инфрасохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ то чӣ андоза ба талаботи меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонида шудааст?

- Сохтмони системаи яклухти Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи «Барномаи давлатӣ оид ба рушди Қӯшунҳои сарҳадӣ барои солҳои 2005-2014» ва Нақша оид ба татбиқи «Стратегияи миллии идораи сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гашта, дар онҳо чорабиниҳое пешбинӣ шудаанд, ки ба такмили инфрасохтори сарҳадӣ, иқтидори кадрӣ, мутобиқгардонии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Давоми даҳ соли охир инфрасохтори сарҳадӣ дар тамоми сарҳади давлатӣ тағйироти ҷиддиро аз сар гузарондааст, ки муҷаҳҳазгардонии он бо саддҳои муҳандисӣ — техникӣ, таҷдид ва сохтмони отрядҳои нав, дидбонгоҳҳо, нуқтаҳои назоратӣ — гузаргоҳӣ аз ҷумлаи ин навгониҳоянд. Дар ин муддат аз ҷониби марзбонони тоҷик аломатгузории марзи Тоҷикистону Хитой гузаронда шуда, сарҳади Тоҷикистон бо давлатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистон таҳким ёфтанд. Бо дарназардошти хусусиятҳои релефи маҳаллӣ қисми зиёди сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон бо системаи огоҳкунӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд. Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 34 нуқтаи назоратии гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд аст, ки 24-тои он мақоми байналмилалӣ дорад. Аз лаҳзаи ташкилшавии Қӯшунҳои сарҳадӣ зиёда аз 120 нуқтаи нави сарҳадӣ сохта, ба истифода дода шуд. Имрӯзҳо сохтмону таъмир ва ҷиҳозонидани объектҳои сарҳадӣ идома дорад.

- Вобаста ба авҷ гирифтани нооромӣ ва низоъҳои мусаллаҳона дар як қатор давлатҳо барои мустаҳкам гардонидани марзи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чӣ чораҳо андешида мешаванд?

- Таҳлили вазъи феълӣ дар Афғонистон аз он шаҳодат медиҳад, ки бинобар шиддат гирифтани даргириҳо аз ҷониби ҷангиёни Толибон ва дигар гурӯҳҳои экстремистӣ он мураккабу душвор гардида истодааст.

Яке аз омилҳои нооромӣ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вусъат ёфтани қочоқи маводи мухаддир мебошад, зеро маблағи аз фурӯши он бадастомада яке аз манбаъҳои даромади Толибон ва дигар ташкилотҳои террористии дар ҳудуди Афғонистон фаъолиятдошта ба ҳисоб меравад. Хулоса, барои мустаҳкам намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар самти мубориза бар зидди терроризму ифротгаройӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СААД, Созишномаи Ҳамкории Шанхай ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

Вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро вазифадор намуданд, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгаройӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Неру ва имкониятҳои худро барои хизмат ба Ватани маҳбубамон, ки сидқан ва баробари ҷони хеш дӯсташ медорем ва барои сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар ҳамаҷониба истифода мебарем.

Аъзам МӮСОЕВ, Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дараҷаи якум