Аз фаъолияти мақомоти худидораи маҳаллӣ

Мароми онҳо созандагист

№73 (3374) 28.05.2015

M

Деҳоти  ба номи Мунаввар Шогадоеви ноҳияи Тоҷикобод  дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», фармону дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия амал намуда истодааст.

Деҳоти фавқуззикр 13 августи соли 1966 дар ҳайати ноҳияи Ғарм (Рашт) таъсис ёфта, яке аз калонтарин деҳоти ноҳия ба шумор мерафт. Мардуми заҳматкаши он дар давраи мавҷудияташ барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми сазовор гузоштаанд. Имрӯз сокинонаш бо  эҳтиром номи фарзандони арзанда ва номдори худро ба забон меоранд ва аз рӯзгори эшон, таҷрибаву кордонии онҳо барои ҷавонон қисса мекунанд.

Соли 1991 ноҳияи Тоҷикобод аз нав таъсис ёфт ва деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев дар ҳайати он монд. Соли 2004 аз ҳисоби деҳоти мазкур деҳоти «Ширинчашма» таъсис дода шуд. Айни ҳол деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев аз панҷ деҳа иборат буда, шумораи сокинони он анқариб ба шаш ҳазор нафар расидааст. Дар ҳудуди деҳот ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, ду китобхона, ду бунгоҳи тиббӣ дар хизмати мардум мебошанд.

Шуғли асосии сокинони ин маҳал мисли дигар мардуми навоҳии кӯҳистон кишоварзист. Дар ҳудуди деҳот хоҷагии коллективии «Ҳаёти нав» ва 81 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд, ки имсол дар майдони 147 гектар зироатҳои гуногун кишт намуданд. Боду ҳавои тирамоҳ барои деҳқонон созгор омад ва онҳо, тибқи нақша, дар майдони 94 гектар ғалла кишт карданд.

Баҳори соли 2015, бо вуҷуди боронгариҳои пай дар пай, кишоварзон се гектар боғи нав бунёд намуданд ва ду гектар боғи куҳнаро, ки дарахтонаш аз ҳосил монда буданд, барқарор карданд. Сабзавот ва алафҳои бисёрсола киштанд. Айни ҳол ба кишти картошка машғул мебошанд. Ният доранд, ки дар майдони 47 гектар картошка кишт кунанд. Аз ноҳияҳои Ғончӣ, Зафаробод ва Мастчоҳ тухмии навъи серҳосил харидорӣ карда шуд.

Дар ҳудуди деҳот барои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуд, ки комиссия тибқи он фаъолият менамояд. Натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳист, ки сокинони деҳаҳо аз сарфи беҳуда даст кашида, пасандози худро ба корҳои ободонӣ масраф менамоянд.

Ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои зиёде ба субут расидааст. Таъсиси як комиссияи доимоамалкунанда дар назди Ҷамоати деҳот аз зумраи чунин тадбирҳост. Комиссия кори худро дар деҳаҳо муназзам ба роҳ монда, ҳар семоҳа аз рафти кори худ ҳисобот пешниҳод менамояд. Комиссия давоми семоҳаи аввали соли равон бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва масъулини шуъбаи маориф дар ҳамаи деҳаҳо бо падару модарон вохӯриҳо гузаронид. Муҳтавои қонунро ба онҳо фаҳмонданд. Диққати онҳоро бештар ба тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, башардӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ, тарбияи маънавӣ, тарбияи ахлоқӣ ва ғайра ҷалб намуданд ва аз ҳаёти мактабиён мисолҳо оварданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳудуди деҳот ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ бо фарогирии 911 нафар хонанда, ки ба онҳо 63 нафар омӯзгор ( аз ҷумла 12 нафар муаллимаҳо) таълим медиҳанд, фаъолият менамоянд. Ба хонандагон ҳар рӯз як маротиба хӯроки гарм дода мешавад ва ин амри хайр аз тарафи Барномаи Озуқаи СММ дастгирӣ меёбад.

Соли гузашта тариқи квотаи президентӣ ду нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳот ба мактабҳои олии кишвар дохил шуданд. Айни ҳол дар донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз ҷумлаи дастпарварони мактабҳои деҳоти мазкур 70 нафар таҳсил мекунанд, ки нуҳ нафарашон духтарон мебошанд.

Бунгоҳҳои тиббӣ низ фаъолияти худро хуб ба роҳ монда, пайваста ба сокинони маҳал хизмат мерасонанд.

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосии сокинони деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев мебошад. Сол то сол дар ин ҷо саршумори чорво рӯ ба афзоиш аст. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ намудани касалиҳои гуногун чораҳои мушаххас андешида шудааст.

Масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз масъалаҳоест, ки роҳбарияти ҷамоат ва фаъолон ба он диққати ҷиддӣ медиҳанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки деҳот яке аз аввалинҳо шуда, дар ноҳия нақшаи даъвати ҷавононро иҷро кард. Ҷавонон ихтиёран ариза навишта, изҳор карданд, ки мехоҳанд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи фарзандии худро адо намоянд.

Дар баробари ин, ба рушди соҳаи соҳибкорӣ диққати махсус дода шудааст. Имрӯз дар панҷ деҳа 16 адад нуқтаи савдо, чор адад нуқтаи таъмири мошинҳои сабукрав, чор корхонаи коркарди чӯб ва ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мавҷуд аст, ки ба мардум хизмат мерасонанд.

Бо мақсади таъмини зиндагии шоиста барои сокинони деҳаҳои ҳудуди деҳот тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Бунёди мактабу кашидани хатти оби нӯшокӣ, бино барои филиали БДА ҶТ «Амонатбонк» дар маркази деҳот, таъмири бинои бунгоҳҳои тиббӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон, сохтмони бинои дуошёнаи маркази савдо, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва ғайра аз ҷумлаи чунин тадбирҳост. Сохтмон сол то сол дар ин мавзеъ рушд меёбад. Соҳибкори саховатпеша С. Тоҷиддинов аз масофаи ҳафт километр барои сокинони деҳаи Зафаробод хатти оби нӯшокӣ овард ва ҳоло 300 хоҷагии деҳа бо оби софу зулол таъмин мебошанд. Дар сохтмони он сокинони деҳа бо усули ҳашар фаъолона ширкат варзиданд.

Сохтмони бинои нави таълимӣ дар деҳаи Зарафшон яке аз ғамхориҳои навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мардуми ин минтақа мебошад. Бинои пештараи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳа ҳанӯз солҳои барқарории Ҳукумати Шӯравӣ сохта шуда буд ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯй набуд. Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, раиси ноҳия Ҳусейн Ализода дар асоси дархости сокинони деҳаи Зарафшон ду сол пеш сохтмони мактаби навро ба нақша гирифт. Маблағи сохтмони онро Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намуд ва соҳибкор Хуршед Сатторов баъди ғолиб омадан дар озмун ба сохтмон шурӯъ намуд. Давоми як сол бинокорон тавонистанд сохтмонро ба анҷом расонда, дар арафаи ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчун туҳфаи арзанда ба хонандагон пешкаш намоянд. Бинои нав аз ду ошёна, ҳашт синфхона ва се дафтари корӣ иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва 420 нафар хонанда имконият дорад, ки таълиму тарбияро дар ин муассиса идома диҳанд. Хурсандии падару модарон ва хонандагони мактаб ҳадду канор надорад.

- Дуои ҷони Сарвари давлатро менамоем,- мегӯянд пирамардони деҳ. — Чунин бинои зебо дар як деҳаи дурдаст ба назари бисёриҳо афсона менамояд. Шукр, ки дар натиҷаи ғамхории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои наберагону аберагони мо чунин муассисаи таълимии зебо сохтанд.

Шиносоӣ бо раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев барои мо хеле хуш омад. Назрвалӣ Тошев аз зумраи он ҷавонмардоне мебошад, ки тамоми ҳастиашро барои ободии кишвар додааст. Мавсуф баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон фаъолияташро ба ҳайси омӯзгор дар деҳаи худ оғоз намуда, баъдҳо дар вазифаи директори мактаб 15 сол ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд. Соли 2004 ӯро ба вазифаи раиси ҷамоат интихоб намуданд ва то имрӯз дар ҳамин вазифа кор мекунад. Шахси кордон, боинсоф ва хушахлоқ аст. Дар байни аҳолӣ обрӯ ва эҳтироми зиёдро сазовор гардидааст. Хизматҳои вай бо Медали «Хизмати шоиста», нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва ифтихорномаҳо қадр шудаанд.

- Мароми мо созандагист,- гуфт дар суҳбат Назрвалӣ Тошев. — Деҳоти мо номи шахсиятеро дорад, ки умрашро фақат дар хизмати халқу Ватан сарф намудааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мунаввар Шогадоев ба ҳайси Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон се маротиба ба хатти пеши фронт рафта буд. Барои аскарони сурх, ки дар муқобили душмани ғаддор мардона меҷангиданд, аз номи халқи тоҷик сару либос ва озуқа бурд. Бо онҳо вохӯрда, суҳбат карда буд. Ҷонфидои миллат буд ва мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки дар қатори пешсафҳо набошем.

- Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи телевизион тамошо кардам ва баъд аз рӯзнома нукта ба нукта хондам. Паёми Роҳбари давлат на танҳо моро вазифадор мекунад, балки ба илҳом меорад ва агар дар қалби инсон ҳисси ватандӯстию созандагӣ бошад, баъди шиносоӣ бо муҳтавои Паём тамоми ҳастиашро пайи ободии Ватани азиз сарф менамояд,- гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир М. РИЗВОНОВ