25 майи соли 2015 таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи бештарро ба тақвияти тадбирҳо оид ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳои он равона намуда, зикр кард, ки рӯйхати қабул ва навбатдории муовинони Раиси шаҳри Душанбе, бо дарназардошти фарогирии тамоми рӯзҳои корӣ, аз соати 17 то 19 аз нав тасдиқ ва тавассути воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ дастраси сокинон карда шавад.
Дар ин зимн муқаррар гардид, ки шурӯъ аз 1 июни соли 2015 ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз соати 9 то 12 қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.
Баҳри вусъати корҳои ободонӣ ва бархӯрдории доимӣ аз пешрафти ҳаёти ҷомеа дар маҳалҳо реҷаи кории раисони ноҳияҳо ва муовинони сарпарасти Раиси шаҳр дар ноҳияҳо низ тағйир дода шуд. Мутобиқ ба он масъулин муваззаф карда шуданд, ки ҳар субҳ, бидуни рӯзҳои панҷшанбе, ки ҳамчун Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳои он баргузор мешаванд, аз соати 6 то 8 боздиди ҳатмии корӣ дар маҳалҳо анҷом дода, оид ба рафъи мушкилоти ифшогардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Дар ҷаласа бо дахли дигар масоили хоҷагидории шаҳр, ҳамчунин оид ба муташаккилона ва ҳадафманд баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, омодагиҳои ҳамаҷониба ба Рӯзи Ваҳдат, фарогирии васеи аҳли ҷамоатчигӣ, субъектҳои хоҷагидорию институтҳои шаҳрвандӣ тавассути эҳсонкорӣ ба ободонии роҳҳои дохили маҳаллаву шаҳракгузар, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, таъмини ҳатмии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодабарии замин, дастрасии сокинон ба хизматрасониҳо, ҳолати санитарию экологӣ, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои маросимҳои динӣ ва таблиғоти бегона, вазъи зиддисӯхторӣ дар шаҳр ва ташкилоту идораҳо, ҳолати наҳру селпартоҳо ва дар доираи масъулияти шаҳрвандӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор намудани «Занги камолот», аз ҷониби Раиси шаҳр ба масъулин дастуру супоришҳо ироа гардиданд.
Ш. САИДОВ