Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 9. Истифодаи муҳлати даъво дар муносибатҳои оилавӣ
Нисбати талаботе, ки аз муносибатҳои оилавӣ бармеоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки муҳлати ҳифзи ҳуқуқи поймолшударо ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, муҳлати даъво татбиқ намегардад. Зимни истифодаи меъёрҳое, ки муҳлати даъворо муқаррар менамоянд, суд меъёрҳои дахлдори дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро дастури амал қарор медиҳад.
Ҳимояи ҳуқуқи оилавӣ, аз рӯи қоидаи умумӣ, новобаста аз он ки чӣ қадар вақт аз лаҳзаи ҳуқуқвайронкунӣ гузаштааст, амалӣ мешавад. Моддаи 9 ҳамин Кодекс ба ҷуз чор ҳолати мушаххас муҳлати даъворо ҳангоми ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ одатан муқаррар намекунад. Муҳлати даъво дар масъалаи талаб кардани тақсими амволи ҳамсарон ва даъво оид ба беэътибор сохтани ҳуқуқи падариву модарӣ, ситонидани қарзи алимент ва беэътибор эътироф шудани аҳди ҳамсарон дар сурати мавҷуд набудани созиши аз ҷониби нотариат тасдиқшудаи ҳамсарон татбиқ мегардад. Дар ҳолатҳое, ки муҳлати даъво бояд мавриди татбиқ қарор гирад, он аз рӯи меъёрҳои қонунгузории гражданӣ оид ба муҳлати даъво амалӣ карда мешавад.
Дар қисми 1 моддаи 220-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи муфассали мафҳуми муҳлати даъво сабт ёфтааст: «Муҳлати даъво муҳлатест, ки дар давоми он талаби даъвои аз сабаби вайрон кардани ҳуқуқи шахс ё манфиати қонунан ҳифзшудааш ба миён омадааст, қонеъ карда шуданаш мумкин аст». Ба қавли дигар, муҳлати даъво муҳлатест, ки барои аз ҷониби суд ҳимоя шудани ҳуқуқи поймолшуда пешбинӣ шудааст. Муҳлати даъво барои он ногузир аст, ки на ҳамеша ҳолатҳои баҳснок бо гузашти вақти дурудароз дақиқкорона ва боварибахш муайян карда мешавад ва шахсе, ки нисбати ӯ талаботҳои беасос пешниҳод шудааст, ҳангоми баррасии судӣ барои ҳимояи худ исботи зарурӣ пешкаш карда наметавонад. Ҳамчун қоида, дар аксари муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ муҳлати даъво татбиқ намешавад. Инчунин маъноро дорад, ки Кодекси оила бо нишон додани муҳлат имконияти ҳифзи ҳуқуқҳои поймолшударо маҳдуд намесозад. Масалан, муҳлати даъво нисбат ба талаби беэътибор эътироф кардани ақди никоҳ, бекор кардани аҳдномаи никоҳ, ҳамчун асос барои ҳимояи пайдоиши ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, ба ситонидани алимент дар тамоми муҳлати татбиқи ҳуқуқи гирифтани он ва дигар ҳолатҳо истифода карда намешавад. Мувофиқи моддаи мазкур муҳлати даъво дар ҳолатҳое татбиқ мегардад, ки Кодекси оила муҳлати ҳимояи ҳуқуқҳои поймолшударо муқаррар карда бошад. Ин ба даъвоҳо оид ба тақсими моликияти умумии ҳамсароне, ки ақди никоҳашон қатъ шудааст, аҳдҳое, ки асосҳо ва таркиби бастани онҳоро Кодекси гражданӣ ба танзим медарорад, баҳси муайянкунии падарӣ (модарӣ), рӯёнидани қарзи алиментӣ ва дигар ҳолатҳо дахл дорад. Муҳлати даъво нисбат ба муносибатҳои оилавӣ аз рӯи қоидаҳое татбиқ мешавад, ки онҳоро Кодекси гражданӣ муайян кардааст. Мувофиқи ин муқаррарот муҳлати умумии даъво се солро дар бар мегирад. Инчунин қонун метавонад, ки барои (моддаи 38 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) муносибатҳои алоҳида муҳлати махсусро муайян кунад, ки аз муҳлати умумии сесола кам ё зиёд бошад. Ғайр аз ин, муҳлати даъво танҳо барои ба тариқи судӣ ҳал кардани баҳс пешниҳод мешавад, на тариқи маъмурии баррасии баҳс. Аз муҳлати даъво дигар муҳлатҳоеро фарқ кардан зарур аст, ки қонун онҳоро муқаррар кардааст ва барои татбиқи ҳуқуқҳои оилавӣ аҳамият доранд. Инҳоро як навъ муҳлатҳои пешгирикунанда низ меноманд, яъне муҳлати амалишавии худи ҳуқуқ, ки бо гузаштани он ҳуқуқи талаб кардани он низ адо мешавад. Масалан, муҳлати амалӣ кардани ҳуқуқ барои тарбия ва маълумотнок кардани фарзандон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз ҷониби падару модар. Ин муҳлат дар моддаҳои 61-66 Кодекси оила нишон дода мешавад, ки он ба балоғат расидани кӯдак аст. Муҳлати пешгирикунанда бошад, муҳлати пардохти алимент барои таъминоти зан (зани собиқ) дар давраи ҳомиладории ӯ ва дар муддати се сол аз рӯзи таваллуди кӯдаки умумии зану шавҳар мебошад. Фарқи асосии муҳлатҳои пешгирикунанда аз муҳлати даъво дар он аст, ки гузашти муҳлати пешгирикунанда худи ҳуқуқро адо мекунад, нисбати муҳлати даъво бошад, қонунҳое татбиқ карда мешаванд, ки мувофиқи онҳо шахс ҳуқуқашро баъди гузаштани муҳлати муқаррарнамудаи қонун низ татбиқ карда метавонад. Инҳо ҳолатҳое ҳастанд, ки ҷавобгар ба гузашти муҳлати даъво истинод намекунад ё ҳолатҳое, ки мувофиқи Кодекси гражданӣ дар моддаи 226 «Боздошти ҷараёни муҳлати даъво», моддаи 227 «Канда шудани ҷараёни муҳлати даъво», моддаи 229 «Барқарор намудани муҳлати даъво» пешбинӣ гардидаанд.
Ғайр аз ин, муқаррароти Кодекси гражданӣ оид ба муҳлати даъво характери ҳатмӣ (императивӣ) доранд, яъне тарафҳо бо созиши худ ҳуқуқи сарфи назар кардани муҳлати даъво ё иваз кардани онро надоранд. Мувофиқи моддаи 224 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҷараёни муҳлати даъво аз рӯзе, ки шахс огоҳ гардидааст ё мебоист аз вайрон гардидани ҳуқуқаш огоҳӣ меёфт, оғоз мегардад». Ғайр аз ин, дар Кодекси гражданӣ шарту ҳолатҳое инъикос ёфтааст, ки бо назардошти онҳо муҳлати даъво дароз карда мешавад. Инҳо аз ҷониби суд боздошт кардан, канда шудан ва барқарор намудани муҳлати даъво мебошанд. Сабабҳои боздошт кардани ҷараёни муҳлати даъво инҳоянд: ҳолатҳои фавқулода (ҷанг, офати табиӣ, дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ будани даъвогар ё ҷавобгар) қонуни махсусе, ки ба таъхир гузоштани муҳлати иҷрои уҳдадориро пешбинӣ мекунад (мораторий) ва ҳангоми боздошти амали қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои дахлдорро танзим менамояд. Агар ин ҳолатҳо дар шаш моҳи охири муҳлати даъво ба миён оянд, ҷараёни муҳлати даъво боз дошта мешавад, агар ин муҳлат ба шаш моҳ баробар ё аз шаш моҳ камтар бошад, дар ҷараёни муҳлати даъво боз дошта мешавад. Моддаи 229 Кодекси гражданӣ муайян кардааст, ки «дар ҳолатҳое, ки суд сабаби гузаронидани муҳлати даъворо вобаста ба шахсияти даъвогар (бемории вазнин, бесаводӣ, оҷизӣ) узрнок эътироф кунад, ҳуқуқи вайронгардидаи шаҳрванд бояд ҳифз гардад».
(Давом дорад)