«Паёми ДИС ДДТТ» ба нашр расид

№76(3377) 04.06.2015

Шумораи аввали маҷаллаи илмӣ-оммавии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо номи «Паёми ДИС ДДТТ» ба нашр расид. Маҷалла бо паёми табрикотии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рашид Раҳимов бо номи «Иқдоми олиҷаноб» оғоз мегардад, ки дар ин таманниёт, аз ҷумла чунин зикр гардидааст: «Аз Хуҷанди бостоншаҳр муждае расид, ки бароям хеле гуворо буд: дар ДИС ДДТТ  баъди арзи ҳастӣ доштани рӯзномаи «Иқтисод ва тиҷорат» таъсиси маҷаллаи илмиву оммавиеро, ки барои олимону донишҷӯён хидмат хоҳад кард, ба нақша гирифтаанд. Паёми рӯҳафзоро бароям масъулини бахши илми донишкада арза доштанд».

Дар нахустшумораи маҷалла сармақолаи директори ДИС ДДТТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Инъомҷон Аминов таҳти унвони «Дастовард ва ҳадафҳои мо» ба нашр расидааст, ки дар он фаъолияти донишкада ва дастовардҳои устодону донишҷӯён мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар бахши иқтисод ва ҷомеашиносӣ мақолаҳои илмии олимон ва устодони донишкада А.Мирсаидов, Т. Ризоқулов, З. Ҷӯраева, М.Дониёрова, Р. Алиева, Н. Ҳасанова ва дигар муҳаққиқон ба табъ расидаанд.

Муаррифии нахустшумораи маҷаллаи «Паёми ДИС ДДТТ» бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёну кормандони донишкада дар рӯзҳои наздик ба нақша гирифта шудааст.

Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»