Ба наздикӣ муаррифии маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 доир гашт.
Ҷамъомадро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода кушода, зикр намуд, ки дар маърӯза фаъолияти мақоми мазкур, вазъи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд дар соли 2014 мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, мушовир оид ба ҳуқуқи инсони Намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Василева дар ин чорабинӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Тавре аз маърӯза бармеояд, дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014-ум 3252 муроҷиати шаҳрвандон қабул ва баррасӣ шудаанд. Тавассути Дафтари Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон — як адад, Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони дигар давлатҳо — панҷ адад, ташкилотҳои ғайридавлатӣ — ду адад ва дигар ташкилотҳо — се адад муроҷиат ворид гардиданд.
Натиҷаи баррасии муроҷиатҳо нишон медиҳад, ки шаҳрвандон соли 2014 нисбати мақомоти судӣ (66 адад) бештар шикоят намудаанд, ҳарчанд ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2013 (91 адад) тамоюли камшавӣ дорад. Чунин ҳолат нисбати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Агар дар соли 2013 нисбати ин мақом 26 муроҷиат ба қайд гирифта шуда бошад, пас соли 2014 ин нишондод 22 ададро ташкил медиҳад.
Муроҷиатҳои хаттӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар самти ҳуқуқ ба манзил 18 адад зиёд шуда, нисбати ҳуқуқ ба меҳнат нуҳ, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ нуҳ, ҳуқуқ ба моликият ҳашт ва ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ду адад кам шудаанд.
Афзоиши муроҷиатҳо дар самти мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа, ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс низ боиси нигаронӣ мебошад, зеро агар соли 2013 шумораи чунин муроҷиатҳо ҳамагӣ 18-то бошанд, пас дар соли 2014 ба 31 адад расидааст.
Таҳлили муроҷиатҳо нишон медиҳад, ки шаҳрвандон дар муроҷиатҳои худ аксар вақт аз ғайриқонунӣ дастгир шудан, наандешидани чораҳои қонунӣ нисбати шахсони гунаҳкор, кашолкорӣ дар тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, зери шиканҷа ва латукӯб қарор гирифтан, ғайриқонунӣ ва беасос оғоз ё қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ шикоят намудаанд. Баъзе шаҳрвандон хоҳиш менамоянд, ки барои фаҳмидани сабабҳои дастгиршавии фарзандонашон ба онҳо мусоидат карда шавад.
Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон инчунин нишон медиҳанд, ки дар баъзе мавридҳо санадҳои қабулнамудаи судӣ оид ба маскун намудан ба манзил, рӯёнидани алимент ба кӯдакон иҷро намешаванд.
Дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон дар муроҷиатҳои худ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки кормандони он дар мурофиаҳои судии онҳо иштирок намоянд. Дар давраи сипаришуда намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зиёда аз 20 маротиба дар мурофиаҳои судӣ иштирок намуданд.
Соли 2014 тибқи нақшаи корӣ ва дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда 50 санҷиш доир гашт. Омилҳои мазкур далели возеҳи пурмаҳсул будани фаъолияти ниҳоди фавқуззикр маҳсуб меёбанд.
М. АЪЗАМ, «Садои мардум»