КӮЛОБ. ( Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Тайи ду рӯз дар толори гӯштии Боғи фарҳангу истироҳати шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб мусобиқаи самбочиёни навраси гурӯҳи шаҳру навоҳии минтақа баргузор гардид. Дар вазнҳои гуногун Олим Назриев, Сорбон Латифов, Сомон Идиев, Мавотуллои Хуршед, Баҳром Суфиев, Ислом Зӯҳуров, Маҳмадулло Рустамов ва Суҳроб Аҳмадов ғолиби мусобиқа шуданд.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон