Панҷуми июни соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Го Шанкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаи амният ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой барои кумакҳои пайвастаи техникӣ ва саҳмгузорӣ дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси ин соҳаҳо арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки ҳамгироии босамари ду кишвари дӯсту ҳамсоя ба таҳкими амну субот дар минтақа ва муборизаи беамон бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа мусоидати фаъол мекунад.
Бино ба таъкиди Го Шанкун Ҷумҳурии Халқии Хитой омода аст, ки минбаъд ҳам аз рушди босуботи Тоҷикистон чун ҳамсояи боэътимоди худ ва узви фаъоли Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамаҷониба пуштибонӣ намояд.
Ҳар ду ҷониб доир ба тамоми масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дода, ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории самарабахш таъкид доштанд.
www.president.tj