Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки 14 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, чунин зикр намуданд:
«Ҳамаи дастовардҳо ва корномаҳои мардонагиву қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик, бешубҳа, натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии падару модарони азизамон мебошанд. Чунки ҳамчун инсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад».
Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлати тозаистиқлоламон, ба вазъи ҳуқуқи кӯдакон, ҳимояи манфиатҳои онҳо ва беҳдошти ҳаёти моддию маънавиашон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сол аз сол дар ин самти ҳаётан муҳим корҳои зиёдро ба сомон мерасонад. Яке аз вазифаҳои меҳварии падару модарон тарбияи фарзандон мебошад. Аммо тарбия бо кадом усулу шева анҷом дода мешавад, ин ба маърифати волидон вобастагӣ дорад. Дар ин маврид мутахассисони соҳа андешаҳои гуногунро баён кардаанд ва перомуни усулҳои тарбияи кӯдак дар оила пажӯҳиш ҳам бурдаанд. Маҳсули мушоҳидаю таҳқиқоти эшон дар шакли дастурамалҳо ва китобҳои алоҳида нашр шудаанд.
Муҳаққиқи варзидаи соҳа Юля Гиппенрейтер дар китоби худ оид ба роҳу усулҳои тарбияи фарзанд дар муҳити хонаводагӣ паҳлуҳои гуногуни ин мушкилро мавриди таҳлил қарор додааст ва ба андешаи коршиносон ин асар имрӯз яке аз беҳтарин дастурамалҳои тарбиявӣ маҳсуб меёбад. Муҳаққиқ дар ин асар масоили ғизохӯрӣ, либоспӯшӣ, бозиҳо, муколама, хоб, саломатӣ, шавқу рағбат ва дигар амалу гуфтори кӯдаконро дар иртибот бо калонсолон хеле дақиқ аз нигоҳи илмӣ таҳқиқ карда, маслиҳату дастурҳои муфид додааст. «Камолоти ҳамаҷонибаи кӯдак, пеш аз ҳама, ба муомилаи волидон ва атрофиёнаш вобастагӣ дорад», — зикр кардааст муҳаққиқ. Ӯ менигорад, ки агар кӯдак ғизои дурусту табобати хуб гираду аммо бо калонсолон муомилаи доимӣ ва пурра надошта бошад, аз нигоҳи рӯҳию равонӣ ва ҷисмонӣ хуб инкишоф нахоҳад ёфт. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки кӯдак инкишоф намеёбад ва ба зиндагӣ таваҷҷуҳаш кам мегардад. Ана ҳамин омил сабаб мешавад, ки баъзе кӯдакон душвортарбия мешаванд.
Тарбияи маънавӣ баъд аз оила бар дӯши муассисаҳои таълимӣ вогузор шуда, тадриҷан мураккабтар мегардад. Дар ин марҳила волидайнро мебояд, ки дар ҳамкории зич бо мактаб фарзандро ба омӯхтани илму маърифат ҳидоят намоянд. Вақте кӯдак ба синни мактабӣ мерасад, волидайн дар рӯзи аввали хониш бо умеду орзуи зиёд фарзандро ба мактаб меоранд ва ин рӯйдод дар ташаккули ҳаёти кӯдак марҳилаи дигареро оғоз мебахшад. Дар ин марҳила ба ташаккули маънавию ҷисмонии кӯдак доираи фазои таъсиррасон васеътар гардида, гурӯҳи хонандагон, муносибати омӯзгор, ҳолати мактаб, таъминот бо лавозимоту аёниятҳо, тарзи пӯшидани сарулибос аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар инкишофи кӯдакон ба шумор мераванд.
Ҳарчанд падару модар, омӯзгор, муассисаҳои таълимӣ ва сохтору ташкилотҳои дахлдор бе муқаррароти қонун ҳам дар таълиму тарбияи фарзанд масъуланд, ба миён омадани зарурати қабули қонуни мазкур аз қаноатбахш набудани фаъолият ва савияи донишу тарбияи кӯдакон шаҳодат медиҳад.
Дар моддаи 15-уми қонуни мазкур омадааст: «Дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».
Фарзанд нахуст ҷаҳонбинии худро аз садои аллаи модару дасти пуршафқати падар шурӯъ намуда, дунёро бо чашму дили онҳо мебинаду мешиносад ва нахустин муносибати худро ба олами атроф, аҳли оила ва дигар мавҷудоте, ки ӯро иҳота кардааст, аз таълимот ва рафтори онҳо меомӯзад. Биноан, онҳоро мебояд ба ин масъала муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.
С. АМИРОВ, декани факултети туризм ва хадамоти гумруки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат