Бино ба иттилои корманди масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон Шавкат Ӯлмасов, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд 23 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Қайроққум ироа гардида буданд, вохӯрии гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси ноҳияи Шаҳристон Умар Ёқубзода бо аҳолии деҳаҳои деҳоти «Ваҳдат», «Темурмалик», «Чашмасор» ва «Истиқлол» баргузор гардид.
Масъалаҳои асосии вохӯрӣ тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷавонон ва шахсони роҳгумзада аз аъзошавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ба монанди «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, ҳамкории нозирони минтақавӣ бо аҳолӣ, пайомадҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, раванди иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳсуб меёфтанд. Аз рӯи масъалаҳои зикргардида прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Абдуфаттоҳ Абдураҳмонзода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия Муродалӣ Зиёвиддинов, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳристон Муродалӣ Достиев ва муовини раиси ноҳия Шаҳло Сайдалиева маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»