Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
ФАСЛИ II
АҚДИ НИКОҲ ВА ҚАТЪИ ОН
БОБИ 3
ШАРТ ВА ТАРТИБИ АҚДИ НИКОҲ
Моддаи 13. Синни никоҳӣ
1. Синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда мешавад. (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613).
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад.
3. Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад.
4. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан ба суд аз синни ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад. (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613).
Ин талаботи қонун ба ғамхории давлат дар бораи саломатии ҷавонон, инкишофи маънавӣ ва ҷисмонии онҳо, қобилияти барпо кардани оилаи мустаҳкам ва таъмини тарбияи муътадили фарзандон равон карда шудааст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ мувофиқи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни ақди никоҳӣ барои ҳар ду ҷинс аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда шудааст.
Суд дар мавридҳои истисноӣ аз рӯи илтимоси шахсони дахлдор алоҳида синни никоҳии муқарраркардаи ҳамин моддаро кам карда метавонад, вале на бештар аз як сол. Дар моддаи 169 КҶ ҶТ чунин қайд карда мешавад, ки «бастани созиши ақди никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст, инчунин бастани ақди никоҳ бо чунин шахс бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол ё ҳабс ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад».
Қонунҳои оилавӣ ҳудуди охирини синну солро барои ақди никоҳ муқаррар намекунанд. Фарқи синну соли шахсоне, ки аз ақди никоҳ мегузаранд, низ аҳамияти юридикӣ надорад. Тадқиқотҳои сотсиологӣ, ки дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд, собит сохт, ки духтарони маҳаллӣ бастани ақди никоҳро дар синни 18-19-солагӣ авло медонанд. Чунончӣ, аз 500 ҷуфти оилавӣ, ки дар шаҳри Душанбе аз қайди ақди никоҳ гузаштаанд, қариб 18 фоиз дар синни 18-19-солагӣ ақди никоҳ бастаанд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз чунин миқдор 41 фоиз дар синни 18-19-солагӣ ақди никоҳ бастаанд.
Оиладорӣ ба дӯши аъзои оила, алалхусус шавҳарон масъулияти баландро вогузор мекунад. Вале агар мард дар синни ҳаждаҳсолагӣ издивоҷ кунад, оё душвориҳои ҳаёти оилавиро аз ҷиҳати моддӣ бартараф карда метавонад? Албатта, не. Зеро дар ин синну сол, одатан ҷавон ягон омодагии муаяйн надорад. Ӯ маҷбур мешавад, ки аз ҳисоби маблағҳои падару модар ҳаёти оилавӣ гузаронад. Роҷеъ ба ин масъала натиҷаи тадқиқотҳои дар шуъбаҳои САҲШ-и ҷумҳурӣ гузаронида нишон додаанд, ки аксари коркунони САҲШ тарафдори онанд, ки синну соли никоҳӣ барои мардон каме зиёд карда шавад. Аз ин лиҳоз, агар синну соли никоҳӣ барои мардон 19-20-солагӣ муқаррар карда шавад, ба манфиати оила хоҳад буд ва ин ба қадри имкон садди ақди никоҳҳои рӯякӣ ва сабукандешиҳо шуда метавонист.
Ногуфта намонад, ки дар ҷамъияти мо баъзан шахсоне пайдо мешаванд, ки талаботи қонунро оид ба синну соли никоҳӣ сарфи назар менамоянд ва сабабгори бадбахтии оилаҳои ҷавон мегарданд. Бояд аз хотир фаромӯш накард, ки шахсони ба ин амалҳо гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар моддаи 168 КҶ ҶТ чунин қайд карда мешавад, ки «ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби падару модар ё ашхосе, ки духтар таҳти васояти онҳост ё ашхосе, ки ӯ тобеи онҳо мебошад, ҳамчунин далолат кардан ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан, — бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад».
(Давом дорад)