Суҳбат бо Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондо

№79 (3380) 10.06.2015

18012537114_a3c1c30766_o
Нимаи дуюми р
ӯзи нуҳуми июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши робитаҳои судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба рушди муносибатҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, кӯҳкорӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Чунонки зикр гардид, ин нахустин боздиди як ҳайати расмӣ аз Габон ба Тоҷикистон аст ва изҳори бовар карда шуд, ки минбаъд робитаҳо вусъат хоҳанд ёфт.

www.president.tj