Парлумонҳо дар таҳкими робитаҳо нақши калидӣ мебозанд

№79 (3380) 10.06.2015

DSC_1039

Ҳаштуми июни соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон  Зуҳуров бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев ва ҳамроҳони ӯ, ки барои иштирок дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи меҳмонони олимақомро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фоли нек арзёбӣ намуда, ин боздидро омили муҳими тақвияти ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамаи соҳаҳо арзёбӣ кард.

Шукурҷон Зуҳуров бо ишора ба мавҷуд  будани  таърих,  фарҳанг, дин ва  расму оини  муштарак  байни миллатҳои  тоҷику  қирғиз  изҳор  дошт,  ки  онҳо тӯли қарнҳо дар канори  ҳамдигар  кору зиндагӣ  ва фаъолияти муштарак доштанд. Хушбахтона, имрӯз низ  чунин  фазо  ва муҳити  созгор фароҳам аст.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки анҷоми боздидҳои расмӣ ва дӯстонаи сарони ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки барои мардуми ин кишварҳо тақдирсоз буда, асосҳои баробарҳуқуқӣ, ҳамкориҳои ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимод ва мавқеъҳои муштаракро дар бар мегиранд, нишонаи мавҷуд будани ҳамкориҳои дӯстона ва сатҳи баланд мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар риштаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию илмӣ, маданӣ, энергетика ва коммуникатсия ҳамкориҳои судманде дошта бошад.

- Имрӯз, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 ҳазор нафар қирғизҳо дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Мурғоб ва дигар манотиқи кишварамон зиндагӣ мекунанд. Аз 60 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷиргатол дар 23-тоаш таҳсил бо забони қирғизӣ буда, дар 22 муассисаи дигар таҳсил бо забонҳои тоҷикию қирғизӣ роҳандозӣ шудааст. Дар ноҳияи Мурғоб 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуданд, ки дар 13-тои он қирғизҳо таҳсил менамоянд. Ҳамасола аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон тариқи квота ба қирғизҳои маҳаллии ноҳияҳои Мурғобу Ҷиргатоли Ҷумҳурии Тоҷикистон то 12 ҷой ҷудо карда мешавад, ки ин хеле кам аст. Хуб мешуд, ки ҷониби Қирғизистон ин теъдодро то ба 22 адад расонад.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин аз ҷониби Қирғизистон хоҳиш намуд, ки барои тарҷумаи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои қирғизҳои маҳаллии ноҳияҳои Ҷиргатолу Мурғоб кумак расонанд.

Зимни мулоқот бештар  ба  масъалаи  густариши  ҳамкориҳои  байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Жогорку  Кенеши Ҷумҳурии  Қирғизистон  таваҷҷуҳ  зоҳир карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки миёни парлумонҳои ҳар ду кишвар гурӯҳҳои  дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал мекунанд. Зикр шуд, ки ба роҳ мондани рафтуомади  намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба  кишварҳои  якдигар барои боз  ҳам  густариш  пайдо  кардани  муносиботи байнипарлумонии мамлакатҳо мусоидат  менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти хеле  зиёди  ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо вуҷуд доранд.

- Парлумонҳои ду кишвар дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ мебозанд, — таъкид кард Шукурҷон Зуҳуров.

Оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи созмонҳои  байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар карда шуд. Зикр гардид,  ки  байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Қирғизистон санадҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо  расидааст, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаро  ба  вуҷуд овардаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин вобаста  ба таҳкими  ҳамкориҳои  байни  минтақаҳои наздимарзии ду кишвар ва вазъи минтақа  мубодилаи  афкор ҷараён гирифт.

Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев низ  дар  навбати худ ҳавасмандиашро бобати густариши ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои байниҳукуматӣ ва парлумонӣ иброз намуда, илова кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи  ҷониби Қирғизистон ба  шаҳри  Душанбе  мусоидат ба тақвияти  ин  ҳамкориҳо  маҳсуб меёбад.

- Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи фаъолияти худ ба яке аз парлумонҳои пешрафтаи минтақа табдил ёфта, қонун ва  санадҳое, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул шудаанд,  ҷавобгӯи  меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд, — таъкид кард дар анҷоми мулоқот Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев.

Дар мулоқот Олим Салимзода -  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Рустам Латифзода — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, Лутфия Раҷабова — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Олимҷон Сафаров — муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин (роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон) ҳузур доштанд.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ