Ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015)

№79 (3380) 10.06.2015

18633318301_58078158b9_oконфронсСубҳи рӯзи нуҳуми июни соли ҷорӣ дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) ба кор худ оғоз намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Конфронс таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои ҷараёни иҷрои нишондодҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015)-ро баррасӣ намуда, ҳамзамон пешниҳод намуд, ки барои даҳ соли оянда Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор» эълон карда шавад.

Сипас, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун сухан ронда, ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии глобалии масоили вобаста ба об баҳои баланд дод ва пешниҳоди навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои эълони Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор» дастгирӣ намуд.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондо, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахтижон Сагинтаев, муовини раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Туркманистон Аннагелди Язмуродов, Муовини Дабири Кулл, роҳбари Барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Демократии Конго Матади Ненга, директори Дафтари минтақавии СММ доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ингибджорг Гисладоттир, хонандаи синфи ҳаштуми Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе Комила Муҳаббатова сухан ронданд.

Зимни суханрониҳои иштирокдорони воломақоми конфронс ташаббусҳои арзишманди Тоҷикистон, аз ҷумла пешниҳоди навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор» мавриди пуштибонӣ қарор гирифт.

www.president.tj