Соли гузашта масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба номи яке аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи ноҳиявӣ Абдулҳай Мирзоев, ки аз солҳои 30 то 70-и асри гузашта дар ноҳияҳои Ховалингу Восеъ ба хабарнигорӣ машғул буд, барои журналистони зодаи ноҳия ҷоизаи эҷодӣ таъсис дода буданд.
Ба наздикӣ дар ноҳия беш аз 30 нафар ғолибони соли 2012 эълон гардиданд. Аз ҷумла сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» Ҷонибеки Асрориён, сармуҳаррири телевизиони «Мавҷи озод»-и ноҳия Хоҷа Назрӣ, рӯзноманигори мустақил Раҷаби Мирзо, намояндаи минтақавии рӯзномаи «Народая газета» Зафар Муродов, намояндаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар минтақа Аҳмад Иброҳимов ва намояндаи рӯзномаи «Садои мардум» Темуршоҳи Файзалӣ соҳиби ҷоиза шуданд. Муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, нависанда Карим Давлат, шоир Абдуқодири Раҳим ва муовини якуми директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон Садриддин Ҳасанзода аз ҷониби масъулони ҷоиза бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Рустам Латипов зимни супоридани ҷоизаву туҳфаҳо изҳори умед намуд, ки минбаъд қаламкашони зодаи ноҳияи Восеъ дар рушду нумуи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва кишвар саҳми боз ҳам бештар хоҳанд гузошт.
Иштирокчиёни ҷамъомад пешниҳод намуданд, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба номи шоир ва рӯзноманигори ҷавонмарг Ғоиб Сафарзода ҷоизае таъсис дода шаваду номи рӯзномаи замоне овозадори ноҳия- «Мубориз» дигарбора барқарор гардад.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»