Ду нафар ҷавонони деҳаи Дӯстии деҳоти «Бохтариён»-и ноҳияи Бохтар Умед ва Асадулло Содиқовҳо дар ҷазирачаи миёни дарёи Вахш аз ҳаловати моҳигирӣ нафаҳмида дармонданд. Оби ҳар лаҳза афзояндаи дарёи пулталотуми Вахш роҳашонро ба соҳил басту онҳо дар ҷазирача ҳайрону зор монданд. Ҳар лаҳза хавфу хатари ғарқшавӣ барои ҷавонон таҳдид мекард. Ҳам Умеду ҳам Асадулло, ки малакаю маҳорати на он қадар хуби оббозӣ доштанд, дар таҳлука афтоданд.
Пайвандону наздикон ва ҳамдеҳагон низ барои халосии онҳо кореро ба сомон расонида наметавонистанд. Дар сурати мудохила мумкин буд дар соҳилбудагон низ ғарқ шаванд. Ягона умеди охирин телефони мобилии дар дастдошта буд, ки тавассути он ба Хадамоти наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар тамос шуда, аз воқеияти нохуш хабар доданд.
Фурсати зиёде нагузашта, наҷотдиҳандагон бо таҷҳизоти зарурӣ ба кумаки онҳо омаданд. Барои аз хатари марг раҳонидан тамоми қувваю имконияти таҷрибаи шиноварӣ ва таҷҳизоти дар ихтиёрдоштаро ба кор бурда, ҷавонони хатокорро сиҳату саломат ба соҳил бароварданд. Хирадмандон беҳуда нагуфтаанд: «Гар шиновар нестӣ, по бар лаби дарё манеҳ…».
Давлат Султонов, «Садои мардум»