Халқи тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим бо ободкориву бунёдкорӣ шуҳрат ёфта буд, зеро дар Осиёи Марказӣ шаҳре нест, ки дар бунёди он гузаштагони мо саҳм нагузошта бошанд. Шурӯъ аз Самарқанду Бухоро то Қӯқанду Марву Балху Ҳирот ва даҳҳо шаҳрҳои хурду бузург, ки чун маркази ташаккули тамаддун муаррифӣ шудаанд, маҳз бо ҳиммату заҳмати тоҷикон қомат афрохтаанд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар низ шаҳрдориву шаҳрсозӣ чун анъанаи неки гузаштагони пурифтихори мо равнақи тоза пайдо намуд. Бо ҷаҳду талоши роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати кишвар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба корзори бунёдкорӣ мубаддал гаштааст. Имрӯз дар ҳар кунҷу канори ҷумҳурӣ корҳои созандагӣ идома дошта, марказҳои шаҳру ноҳияҳо таври шинохтанашаванда симои худро дигар карда истодаанд. Шаҳри овозадори Исфара низ аз ин раванд дар канор нест. Ҳангоми сайр намудан дар кӯчаву гулгаштҳои ин шаҳри зебо шоҳиди дигаргуниҳои зиёд мешавед. Сокинони шаҳр бунёдкориву ободкориҳоро натиҷаи меҳнати софдилонаи марди масъулиятшинос, собиқ раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир ва раиси имрӯза Зоҳидзода Даврони Абдуқодир медонанд. Аз чеҳраҳои сокинон пай бурдем, ки бо қаноатмандӣ аз сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумат пайи боз ҳам беҳтар кардани зиндагӣ талош меварзанд. Ҳар яке бо дарки масъулият вазифаи ба зиммааш гузошташударо сарбаландона иҷро менамояд. Ин нуктаро мо дар чанде аз корхонаҳои шаҳри Исфара мушоҳида намудем. Ғайр аз ин, кӯчаҳои озода, ҷӯйборҳои аз ҳар гуна ифлосиву партовҳо тоза, гулгаштҳои зебо ба кас як ҷаҳон фараҳу ҳаловат мебахшанд.
Шаҳри Исфара дорои нуҳ ҷамоати деҳот ва се ҷамоати шаҳрак буда, зиёда аз 240 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Ҳангоми сафари хизматӣ ба ин шаҳр мо бо таври интихобӣ аз деҳоти «Навгилем» дидан намудем. Ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди деҳоти зикршуда касро эҳсоси қаноатмандӣ фаро мегирад, зеро ободиву озодагии ин ҷамоат шаҳраки замонавиеро мемонад. Аз суҳбат бо раиси ҷамоат Муҳибулло Убайдуллоев маълум шуд, ки деҳоти «Навгилем» яке аз калонтарин деҳоти шаҳри Исфара буда, соли 1929 бо қарори Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Шумораи аҳолии он ба ҳолати якуми январи соли 2014-ум 38105 нафарро ташкил медиҳад. Аҳолии ҷамоат аслан ба кишоварзӣ машғул буда, ҳамзамон дар ҳудуди он чандин корхонаҳои хурду бузург низ фаъолият доранд. Хусусан, устоҳои гулдасти чӯбкори Исфара, ки дар сар то сари ҷумҳурӣ шуҳрат доранд, бо ташкили корхонаҳои хурду бузург дар ободонии кишвар саҳм мегузоранд. Яке аз чунин корхонаҳо ҶДММ «Асри Х» мебошад, ки дар ҳудуди деҳоти зикршуда ҷойгир аст. Ин корхона соли 2004 таъсис ёфта, ҳашт коргари доимӣ дорад. Ҳангоми суҳбат бо масъулини он маълум шуд, ки вобаста ба фармоиш метавонанд то 100 нафарро барои фаъолият ҷалб намоянд. Қобили зикр аст, ки маҳсули дасти кормандони ин корхона дар Муассисаи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қасри Арбоб, Боғи Камоли Хуҷандӣ, Осорхонаи Қалъаи Хуҷанд ва дигар ҷойҳо истифода шудаанд.
Дигар корхонае, ки ба истиқболи 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудааст, ҶДММ «Фозилов Ф.К.» мебошад. Дар ин корхона тайи як шабонарӯз то чор тонна зардолу банду баст мешавад.
Дар ҳудуди деҳоти «Навгилем» сохтмони боз чандин корхонаи дигар идома дорад. Аз ҷумла дар Корхонаи хурди «Файзи Навгилем» корҳо бо ҷӯшу хурӯш идома дошта, дар назар аст, ки дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шавад. Фаъолияти ин корхона низ ба коркарди зардолу, адрасбофӣ ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан нигаронида шудааст.
Гузашта аз ин, дар ҳудуди ин деҳот Кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем» фаъолият мекунад, ки 1119 нафар саҳмдор ва 635 нафар коргар дорад. Кори ин кооперативро метавон ҳамчун намуна зикр кард, зеро дар тобеияти он киштзор, боғ, ферма, корхонаи коркарди хӯроки чорво, парки техникӣ, устохонаи таъмирӣ вуҷуд дорад. Яъне, дар ин кооператив амвол пурра нигоҳ дошта шудааст. Аз масоҳати умумии заминҳояш 650 гектарашро боғ ва 280 гектари дигарро замини кишоварзӣ ташкил медиҳад.
Саҳмдорон соли гузашта дар 150 гектар ғалла кошта, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 55 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Бино ба гуфти раиси кооперативи мазкур Савзиддин Файзиддинов, дар ин ҷо то 70 сентнерӣ ҳосил мегиранд, зеро чорабиниҳои агротехникӣ сари вақт гузаронида мешавад.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта, бинобар аз сармо осеб дидани боғоти зардолу, кооператив 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зарар дид, аммо меҳнатдӯстии коргарон боис гардид, ки ин зарар аз ҳисоби дигар маҳсулот пӯшонида шуда, 630 ҳазор сомонӣ фоида гиранд. Барои мисол, аз ҳар гектар боғи себ 190 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Бояд гуфт, ки себҳои дар боғи кооператив парваришёфта навъи хуби бозоргир мебошанд. Инчунин кишоварзон дар 10-15 гектар картошка кошта, аз ҳар гектар 250-350 сентнерӣ ҳосил мегиранд. Ғайр аз ин, сабзӣ, карам ва боқила кишт мекунанд.
Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки соли гузашта дар 60 гектар ҷуворимакка кошта, ба ҳисоби миёна 70-80 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ шуд. Хоҷагӣ дар кишти офтобпараст низ таҷрибаи хуб дошта, аслан аз тухми туркии он истифода мебаранд, ки барои истеҳсоли равған хеле муфид мебошад. Аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тухмӣ оварда, дар 30 гектар помидор коштанд, ки соли гузашта аз ҳар гектар 400-500 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.
Амали дигари хуби Кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем» ин нигоҳ доштани фермаи зотии ширдеҳ мебошад. Дар фермаи мазкур айни замон 310 сар гов мавҷуд аст, ки 130 сари он дӯшоӣ мебошад. Ин ферма насливу ширӣ буда, ба парвариши навъҳои сиёҳалои тоҷикӣ машғул аст.
Айни замон бо ҳисоби миёна аз як сар модагов дар як рӯз 12 литр шир дӯшида, ҳамарӯза 1200 литр супорида мешавад.
Дар гирифтани насл низ хоҷагидорон кӯшиш менамоянд, ки ба нишондодҳои хуб ноил гарданд. Масалан, соли гузашта 106 гӯсола гирифта, имсол нақша доранд, ки онро ба 128 сар расонанд. Ҳар сол 50-60 сар насли тайёркардаро ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш мебароранд.
Бояд гуфт, ки хӯроки чорво аз ҳисоби заминҳои кооператив пурра таъмин мегардад. Раиси Кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем» С.Файзиддинов зикр кард, ки говҳоро бо усули сунъӣ бордор мекунанд. Тавре номбурда гуфт, айни ҳол инчунин бо усули химиявӣ шохи гӯсолаҳоро нест карда истодаанд. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатамон, натиҷаи фаъолияти хуби саҳмдорон ва коргарон аст, ки Кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Нав-гилем» фаъолияти намунавӣ дорад. Ин тарзи кор имкон медиҳад, ки баробари пешравии фаъолият, коргарон бо маоши хуб таъмин гарданд. Имрӯз дар ферма 20 нафар машғули кор буда, ба ҳисоби миёна 1200 сомонӣ маош мегиранд. Маоши коргарони хоҷагӣ бошад, 280-350 сомониро ташкил дода, дар баробари ин иловатан як коргар то 500 кг ғалла, инчунин сабзавот мегирад. Номбурда гуфт, ки сабзии тирамоҳиву шалғам пурра ба коргарон тақсим мешавад.
Гарчанде дар тамоми ҷумҳурӣ замин ба ихтиёри деҳқон гузошта шуда бошад ҳам, мутаассифона, баъзан аз он самаранок истифода намебаранд. Хушбахтона, дар кооперативи зикршуда мо ин ҳолатро мушоҳида накардем. Заҳматкашони он бо дарки масъулият ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ҳосили дилхоҳ гирифта истодаанд. Ҳангоми суҳбат бо коргарони кооперативи зикршуда иттилоъ гирифтем, ки аз корашон басо қаноатманданд, зеро бо меҳнати софдилонаашон аҳолиро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуда, зиндагии худро пеш мебаранд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»