Боз як пажӯҳиши арзишманд

№44 (3029) 09.04.2013

мухтарам 1Боиси хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи олимон ва аҳли зиё ба омӯзиши таърихи диёр ранги тоза гирифта, натиҷаҳои хуб ба бор меорад. Дар ин радиф метавон номи шоир ва донишманди илми таърих Мӯҳтарам Ҳотамро низ ном гирифт.

Инак, ин шоири донишманд ба ҳаводоронаш китоби нав – «Ҳисор дар бомдоди таърих»-ро пешниҳод намуд. То кунун дар бораи таърихи Ҳисор ва маънии номҳои мавзеву маҳалҳои он китобҳои алоҳида ва мақолаҳои ҷудогона чоп шуда буд, вале Мӯҳтарам Ҳотам ба китобҳои нодиру арзишманди форсӣ, ҳиндӣ, хитойӣ, тибетӣ ва ғайра, аз ҷумла «Шоҳнома», «Авесто», «Ригведо», «Маҳабҳарата», «Пурон», «Рамаяна» ва ба ин монанд муроҷиат карда, номи Ҳисор ва маҳалҳои аҳолинишини онро муфассал омӯхта, хулосаи хешро навиштааст. Дар мавриди номҳои бостонии диёр ӯ далелҳои боварибахш пешниҳод менамояд ва онро бо андешаҳои хеш қувват мебахшад. Чуноне ӯ менависад: «Вақте парда аз чеҳраи номҳои бостонии маҳалу мавзеъҳо кушуда мегардад, як муҷассамаи бо назари зебоишиносӣ ва ҳунармандона оростагардида пеши назар ҷилвагар мешавад. Ин номҳо на танҳо номи мавзеву маҳал ва рӯду дарё ё кӯҳу саҳроянд, онҳо ормону таманно ва завқу заковати падару бобоён ва ҷомеаи гузаштагони моянд».

Китоби «Ҳисор дар бомдоди таърих» ҳаҷман бузург набошад ҳам, вале аз ҷиҳати ҷустуҷӯ ва пажӯҳиш хеле мукаммал аст. Муаллиф нақшае тартиб дода, вариантҳои гуногуни номҳоро пешниҳод кардааст. Масалан, Тӯда: Тӯда дар Фарғона, дар Рашт, Суғд ва Ғончӣ низ ҳаст.

Дар ин ҳолат муҳаққиқ менависад: «Аммо он чи ки ҳоло пешниҳод карда мешавад, метавонад баёнгари он бошад, ки аксари ин номҳо аз водии Ҳисор ба дигар минтақаҳо кӯчидаанд… Инчунин якчанд номи дигар имкон дорад аз дигар минтақаҳо ба водии Ҳисор кӯчида бошанд».

Албатта, ҷустуҷӯҳо ва муқоисаи вариантҳои гуногуни номи маҳалҳо аз кас пажӯҳиш ва заҳмати зиёдро талаб менамояд. Мӯҳтарам Ҳотам заҳмати зиёде ба харҷ дода, маънои номҳои аҳолинишини Ҳисор, умуман Тоҷикистонро, хеле мӯшикофона таҳқиқ намудаву пешкаши хонандагон гардонидааст. Китоби «Ҳисор дар бомдоди таърих» ба доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст. Он аз нахустин армуғонҳост ба ҷашни сеҳазорсолаи ин диёри бостонӣ, ки соли 2015 ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Бо навиштаҳои муаллифи китоб андешаҳоямро ҷамъбаст мекунам:

«Албатта, дар водии Ҳисор номҳои бостоние, ки пажӯҳишро тақозо менамояд, ҳанӯз бисёранд. Аммо ин як қисмати каме, ки аз онҳо зикр гардидаанд, метавонанд далели кофӣ ва баёнгари он бошанд, ки ин водӣ яке аз гӯшаҳои таърихи куҳани диёр аст. Умед аст, ки номҳои маҳалҳои ин водӣ аз ҷониби мутахассисони номшинос мавриди пажӯҳиш қарор хоҳанд гирифт».

 

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»