Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва ҷонибдорӣ шуда, мавриди амал қарор дорад. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо доир ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ назорат ва талабот пурзӯр карда шудааст.
Аз сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон хоҳиш намудем, ки талаботи нави Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳад.
- Ҳолати бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳуриро дар соли 2014 ва се моҳи аввали соли 2015 шарҳ диҳед. Асосан бо кадом сабабҳо ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ рӯй медиҳанд?
- Соли 2014 бар асари 1514 садамаи нақлиётии ба қайд гирифташуда 446 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 1746 нафар ҷароҳат гирифтанд. Нисбат ба соли 2013 шумораи садамаҳо 48 адад (3,3 фоиз) ва маҷрӯҳшудагон 141 нафар (8,8 фоиз) зиёд ва ҳалокшудагон 26 нафар (5,5 фоиз) кам шудааст.
Дар семоҳаи аввали соли 2015 бар асари 290 садамаи нақлиётӣ 90 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 305 нафар ҷароҳат гирифтанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 шумораи садамаҳо 26 адад (9,8 фоиз) ва ҳалокшудагон 15 нафар (20,0 фоиз) зиёд ва маҷрӯҳшудагон 13 нафар (4,1 фоиз) кам шудааст.
Ҳодисаҳои роҳу нақлиёт асосан бо сабабҳои зиёд будани суръати ҳаракат, баромадан ба самти муқобили ҳаракати воситаҳои нақлиёт, риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, қоидаи бо навбат гузаштани чорроҳа ва фосила ба амал омадаанд.
Бо иштироки кӯдакону наврасон соли 2014-ум 439 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта, бар асари онҳо 93 нафар кӯдакону нав-расони то синни 16-сола ба ҳалокат расидаву 383 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар семоҳаи аввали соли 2015 бо иштироки наврасон 68 садама ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 11 нафар ба ҳалокат расида, 61 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар содиршавии қисми зиёди ҳодисаҳо худи кӯдакону нав-расон ва волидайни онҳо гунаҳкоранд.
- Чӣ зарурат пеш омад, ки ба қонунгузории ҷорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шавад?
- Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 10 июли соли 2014 дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор дода шуд.
Бетафовутии ронандагон ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷойи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ғайб задани ронандагон, паст будани маданияти ҳуқуқии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо, ки бештар дар идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ зоҳир мегарданд, боиси ташвиши аҳли ҷомеа гаштааст.
Ин ҳолат тақозо дорад, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва танзими ҳаракат дар роҳ чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
- Тағйиру иловаҳо кадом моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегиранд?
- Дар заминаи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 313, 329, 333, 336, 337 ва 342-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди бегона ва ё қалбакӣ, иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт, идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва ё ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта идораи воситаи нақлиётро медиҳад, пурзӯр шудани ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ мешавад.
Андозаи ҷарима ва муҳлати маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ нисбатан зиёд гардонида шудааст. Чунончӣ, мувофиқи қисми 1 моддаи 313-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба ин нақлиёт мансуб нест ва ё қалбакист, ҳамчунин барои истифода ба шахси дигар додани онҳо ҷарима аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз чор то шаш моҳ муқаррар шудааст.
Қисми 1 моддаи 329 -уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт ё саркашӣ кардан аз пешниҳод намудани ҳуҷҷат ё нақлиёт барои санҷиш, инчунин дар ҳолатҳои пешбинишудаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри кормандони милитсия ё дигар шахсон вонагузоштани воситаи нақлиёт ҷарима аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз шаш моҳ то як солро пешбинӣ менамояд.
Ба моддаи 333 қисми 3-юми Кодекси мазкур мазмуни зайл илова шудааст:
«Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст, ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати то шаш моҳ таъин карда мешавад».
Барои идора кардани воситаи нақлиёт (моддаи 342) ба ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ мебошанд ё шахсони ҳуқуқи идора карданро надоранд (нисбати шахсони мансабдор) ҷарима аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.
- Барои татбиқи меъёрҳои нави Кодекси мазкур аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ чӣ тадбирҳо андешида мешавад?
- Талаботи меъёрҳои нави Кодекси мазкур аз 20 марти соли ҷорӣ баъд аз нашри расмӣ мавриди амал қарор дорад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани онҳо маводи зарурӣ омода ва ҷиҳати омӯзиши онҳо байни ҳайати шахсӣ машғулиятҳо гузаронида шуд. Доир ба ин масъала супориши хаттии роҳбарияти РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зерсохторҳо дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ирсол гардида, иҷрои он таҳти назорат қарор дорад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»