Бо фаро расидани фасли тобистон дар фароғатгоҳҳои минтақаҳои истироҳатии ҷумҳурӣ ҷалби хоҳишмандон зиёд мегардад.
Дараи зебоманзари Ромит бо табиати афсонавӣ ва обҳои мусаффояш писанди ҳамагон гардидааст. Маҳз дар ҳамин мавзеи хушбоду ҳаво фароғатгоҳҳои зиёд фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳазорон нафар шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ рӯзҳои истироҳатӣ, рухсатии меҳнатӣ ё вақти барояшон муносибро бо фароғат гузаронида, ҳамзамон саломатии худро барқарор кардаанд, зеро табиат, боду ҳаво ва обҳои шифобахши ин мавзеъ ба ҳар нафар солимию неруи тоза мебахшад.
Фароғатгоҳи «Роҳи оҳанчиён»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», воқеъ дар дараи Ромит ҳанӯз солҳои 80-уми садаи XX арзи вуҷуд дошта, барои кормандонаш хизматрасонӣ мекард. Солҳои 90-уми асри гузашта на чандон фаъолияти хуб дошта, чунин фаъолияти ғайриқаноатбахши он то соли 2005 давом кард. Шурӯъ аз соли 2006-ум, бо дарназардошти ин омилҳо маъмурияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» фароғатгоҳро пурра азнавсозӣ кард. Давоми даҳ соли охир аз ин фароғатгоҳ на танҳо кормандони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, балки меҳмонони хориҷӣ низ истифода мекунанд.
Роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таваҷҷуҳи зиёди истироҳаткунандагони дохиливу хориҷиро ба инобат гирифта, аз оғози соли равон фароғатгоҳро пурра бо тарзи замонавӣ таъмиру азнавсозӣ карда, барои истироҳати бофароғати хоҳишмандон тамоми шароитро муҳайё намуд. Мавҷуд будани ҳуҷраҳои барҳавои замонавӣ, гӯшаҳои махсус барои суҳбат бо тарҳи меъмории миллӣ дар оғӯши табиат, ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои гуногуни варзишӣ, табибони соҳибтаҷриба, имконияти хуби истифода аз оби шифобахши «Зайрон», ошхонаи замонавӣ бо пешниҳоди хӯришҳои болаззат вобаста ба хоҳиши мизоҷон аз ҷумлаи он хизматрасониҳоест, ки барои ҳама хоҳишмандон дастрас мебошанд.
Тавре масъулини истироҳатгоҳи мазкур иброз доштанд, ҳадафи асосӣ он аст, ки ҳар нафаре, ки барои истироҳат ё табобат майли ин даргоҳро мекунад, бояд аз ин ҷо ноумед наравад. Дар фароғатгоҳ 18 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Маъмурияти фароғатгоҳ тасмим гирифтаанд, ки дар оянда сатҳу сифати хизматрасониро барои истироҳаткунандагону табобатгирандагон боз ҳам баланд бардоранд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»