Арҷгузории заҳмат

Қадршиносие, ки заминааш эътироф ва эътимод аст

№44 (3029) 09.04.2013

Ба ҷоизаи Бонки Исломии Рушд дар соҳаи илм ва техника сазовор  гардидани Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино далели ҷойгоҳи хоса  доштани  ин донишгоҳ дар фазои таҳсилоти олии касбии ҷаҳонӣ аст.

Дар арафаи идҳои хуҷастаи баҳорӣ  фаъолияти пурмаҳсули роҳбарият ва ҳайати кормандону устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби яке аз муассисаҳои бонуфузи  молиявии байналмилалӣ – Бонки Исломии Рушд қадршиносӣ шуд. Давоми даҳ соли охир ин муассисаи бонуфузи молиявӣ бо мақсади дастгирӣ ва густариши фаъолияти муассисаҳои таълимию тадқиқотӣ, ки дар пешрафти илм ва технология, рушди устувори иқтисодиёт ва беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши муассир доранд, мукофоти пулиро дар ҳаҷми 100000 доллари ИМА муқаррар  намудааст. Ҳамасола, баъд аз таҳлили амиқу доманадор, се муассисаи илмиву таълимии ҷаҳон бо ин ҷоиза қадрдонӣ мешаванд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ин озмун бо мусоидати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ширкат варзида, нишондиҳандаҳои назаррасаш дар ҳама ҷанбаҳо боис гардид, ки миёни 17 муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии бонуфузи  хориҷӣ, ки аксарашон шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, комёб гардад.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонов рӯйдоди мазкурро идомаи мантиқии болоравии  нуфузи кишварамон дар миқёси олам арзёбӣ намуда, минҷумла чунин гуфт: «Таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ    Раҳмон  замина фароҳам овардааст, ки фаъолияти тамоми бахшҳои ҷомеа  беш аз пеш рушду  тавсеа ёбад. Марҳилаи нави тараққиёти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи  Абӯалӣ ибни Сино, ки аз соли 2006 шуруъ гардид,  маҳз бо шарофати дастгириҳои Роҳбари хирадсолори давлатамон имконпазир гардидааст. Маҳз эътимод ва эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмону ташкилотҳои бонуфуз, ба мисли Бонки Исломии Рушд, замина фароҳам овард, ки фаъолияти самараноки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки ҳамзамон ҷузъи муҳими бахши тандурустии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, мавриди арҷгузорӣ қарор гирад».

Фаъолияти ҳамаи талабгорони ин ҷоиза аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки аз шахсиятҳои шинохтаи  сатҳи байналмилалӣ таркиб ёфта буд, мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт. Таваҷҷуҳи асосӣ пеш аз ҳама ба таърих, сохтор, самтҳои фаъолият, вазъи молиявию  иқтисодӣ, сатҳу сифати корҳои илмӣ, шумораи кормандони соҳиби унвонҳои илмӣ, дастовардҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ғайра нигаронида шуда буд.

Агар гӯем, ки фаъолияти донишгоҳи фавқуззикр дар ҳама самтҳои зикргардида пурмаҳсул аст, муболиға нахоҳад буд. Шуруъ аз соли 2006 дар тамоми  самтҳои фаъолияти донишгоҳ таҳаввулоти ҷиддӣ рӯйи кор омад. Заминаи моддӣ — техникии донишгоҳ, ки ҳолати ташвишовар дошт, хеле пурқувват гардид. То соли 2006 аз ҳама пасттарин  дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварамон маоши устодону кормандони ин донишгоҳ ба ҳисоб мерафт. Истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва хусусӣ замина фароҳам овард, ки андозаи маош давоми солҳои охир бамаротиб зиёд гашта, боиси рӯҳбаландию ҳавасмандии аҳли устодону кормандони донишгоҳ гардид, инчунин корҳои илмиву тадқиқотӣ вусъат ёфт.

Масалан, агар соли 2006 ҳамагӣ се монография аз ҷониби устодону профессорони донишгоҳ ба нашр расида бошад, пас давоми шаш соли охир теъдоди онҳо ба 43 адад расид. Тайи муддати зикршуда  аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 6898 таълифоти илмӣ, 216 пешниҳоди навоварӣ ва 96 ихтироот рӯйи кор омад. Аз шумораи кормандони донишгоҳ 141 нафар рисолаи номзадӣ ва 21 нафар рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Профессори донишгоҳ, олими шинохта Юсуф Нуралиев як силсила корҳои илмӣ-тадқиқотиро вобаста ба пешгирии бемории диабети қанд, табобати нобинойӣ, саратони хун ва ғайра бо истифода аз гиёҳу растаниҳои маҳаллӣ дар сатҳу сифати баланд ба сомон расонид, ки аксарашон дар илми тиб назир надоранд.

Наваду шаш ихтирооте, ки болотар зикр шуд, низ аз лиҳози моҳият хеле муҳим  ва саривақтӣ  буда, қисмати аъзамашон дар таҷрибаи корӣ маротибаи аввал мавриди истифода қарор гирифтаанд. Усули ҷадиди табобати простатити бактериалӣ, аутопластикаи субкапсулярии сақфи буғуми коси рон ҳангоми беҷошавии модарзодии рони кӯдакон, микроирригатор барои пешгирии оризаҳои сироятӣ ҳангоми муолиҷаи осебҳои кушодаи андомҳо, дастгоҳ барои табобати омоси бачадон дар марҳилаи аввали ҳомиладорӣ ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд. Ҳамрадиф ба корҳои илмӣ –тадқиқотӣ умури табобат низ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар сатҳу сифати баланд амалӣ мешавад.

Бистуми ноябри соли 2009 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 70- солагии  донишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон аз пешрафту дастовардҳои  ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур дод, ки то ҷашни Наврӯзи соли 2010 дар заминаи Озмоишгоҳи ҳуҷайраҳои бунёдии донишгоҳ табобати беморонро бо усули ҳуҷайрадармонӣ ба роҳ монанд. Лозим ба ёдоварист, ки чунин тарзи табобат, ки аз усулҳои навтарин маҳсуб меёбад, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қисмати зиёди кишварҳои собиқ ҷамоҳири шӯравӣ то ҳол  амалӣ нашудааст. Меҳнати пурмаҳсул ва масъулиятшиносиву ҳамқадами замон будани аҳли донишгоҳ замина фароҳам овард, ки дастури Сарвари давлат Эмомалӣ    Раҳмон пеш аз муҳлат иҷро гардад. Дар марҳилаи аввал бо усули зикршуда 11 нафар бемори гирифтори бемории ишемикии дил ва эндартериити облитератсияшуда мавриди табобат қарор гирифтанд. Дар марҳилаи дуюм бо ин тарз ҳафт нафар шахсони ба бемории ишемикии дил гирифтор, 42 нафари беморони рагҳои хунгузари андомҳои поён ва ҳашт нафар беморони сиррози ҷигар табобат ёфтанд. Дар маҷмуъ, дар заминаи иҷрои дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ин замон 68 нафар бо усули ҳуҷайрадармонӣ табобат шуда, роҳбарияти донишгоҳ азми қатъӣ  дорад, ки ин равандро минбаъд густариш бахшад. Аутотрансплантатсияи (кӯчати) мӯйи сар низ аз ҷумлаи дастовардҳои устодони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб ёфта, дар сатҳу сифати баланд амалӣ мешавад. Боиси зикр аст, ки солҳои пеш трансплантатсияи гурда дар ҳудуди кишвар умуман амалӣ намегашт. Бинобар ин, ниёзмандон маҷбур буданд, ки барои анҷоми ин ҷарроҳии мушкил ба хориҷи кишвар раванд ва табиист, ки чунин тарзи кор вақт ва маблағи зиёдро талаб менамуд.

Бо дарки ин мушкилот роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифт чунин тарзи табобатро дар дохили кишвар роҳандозӣ намояд. Аҳли донишгоҳ дар ин ҷода  низ комёб гаштаанд. То ин замон дар кафедраи ҷарроҳии умумии рақами 1-уми донишгоҳ бе кӯмаки мутахассисони хориҷӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии илмии пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон амалиёти трансплантатсияи гурда дар 60 нафар бемор бомуваффақият гузаронида шуд.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ аз лиҳози моҳият аз ҷузъҳои муҳими донишгоҳ ба ҳисоб меравад, вале бинобар дар ҳолати фарсуда ва садамавӣ қарор доштанаш, аз соли 1992 инҷониб аз истифода  берун монда буд.

Бо ибтикори Раёсати донишгоҳ соли 2008 бо   мақсади аз таъмири асосӣ баровардани Озмоишгоҳи марказии илми- тадқиқотии донишгоҳ зиёда аз 900000 сомонӣ  харҷ гардид. Ҳамчунин озмоишгоҳи мазкур бо технология ва таҷҳизоти замонавӣ, ки барои корҳои  амалии олимон ва донишҷӯёни ихтироъкор  лозиманд, муҷаҳҳаз шуд. Дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотии донишгоҳ боз нуҳ озмоишгоҳи дигар амал мекунад ва дар онҳо анҷоми дақиқи тамоми ташхисҳо имконпазир аст.

Фаъолияти илмии донишҷӯён низ вусъат ёфтааст. Донишҷӯёни донишгоҳ на танҳо дар ҳамоишҳои илмии дохили ҷумҳурӣ, балки хориҷ аз он ҳам баромад мекунанд. Соли гузашта 35 нафар донишҷӯй дар конфронсҳои бонуфузе, ки дар хориҷа баргузор шуданд, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд. Роҳбарияти донишгоҳ барои бештар фаъол намудани муҳассилин тамоми шароитро муҳайё намуда, аз ҳама гуна ибтикороти онҳо ҷонибдорӣ мекунад.

Соли гузашта баҳри вусъат бахшидани ин раванд Мактаби тобистонаи байналмилалӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар он 59 нафар донишҷӯйи фаъол ва намояндагони панҷ кишвари хориҷӣ  иштирок карданд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ  бомуваффақият иштирок намуда, соли гузашта бо касби се  ҷойи якум, ду ҷойи  дуюм ва панҷ ҷойи  сеюм  дар ҷамъбаст мақоми дуюмро  соҳиб гардиданд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар самти ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ яке аз пешсафон маҳсуб ёфта, роҳбарияти он тасмим гирифтааст, ки ин равандро дар оянда густариш бахшад, зеро яке аз  меъёрҳои ноил гардидан ба аккредитатсияи байналмилалӣ низ мавҷудияти донишҷӯёни хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳ далели ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ будани раванди таълиму тадрис дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Роҳандозии ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмию таълимӣ ва ташкилоту созмонҳои  бонуфузи байналмилалӣ замина фароҳам овард, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва дар заминаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ  дастгирӣ ёбад. Айни замон  робитаҳои байналмилалии донишгоҳ дар заминаи 60 шартнома ва созишномаҳои гуногунҷанба амалӣ мешавад.

Раёсати донишгоҳ баҳри ба роҳ мондани робитаҳои судманд бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалии дар соҳаи тандурустӣ  ва маорифи Тоҷикистон фаъолиятбаранда ва ҷалби сармоягузориҳои  хориҷӣ  фаъолона кор бурда, айни ҳол бо як қатор  ташкилотҳои  байналмилалӣ, ба монанди  Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Раёсати Конфедератсияи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Лоиҳаи   USAID «Тандурустии босифат», Ҷамъияти Олмон  оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Фонди  Глобалӣ, Фонди Сорос, DAAD, ТЕМПУС, МАГАТЭ, МНТЦ, UNFPA  ва ғайра ҳамкориҳоро  роҳандозӣ  намудааст. Масалан, танҳо соли гузашта дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тавассути сармоягузории хориҷӣ 15 сармоягузорӣ ба маблағи  умумии  6, 5 миллион сомонӣ амалӣ гардид. Дар давоми панҷ сол бошад, барои корҳои илмӣ — тадқиқотӣ  аз ҳисоби маблағҳои грантӣ 45, 1 миллион сомонӣ аз худ шудааст.

Дастоварди асосӣ ва миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварамон дар шароити феълӣ нодири Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузории одилона ва шаффофи маъракаи қабули довталабон маҳсуб меёбад. Дар заминаи ин иқдом шаҳрвандон пурра боварӣ ҳосил намуданд, ки дар сурати доштани дониши мукаммал метавонанд бидуни «касе» ва «чизе» шомили донишгоҳ шаванд.

Овардани далелу арқоми мазкур, ки аз ҷамъи дастовардҳои донишгоҳ «қатрае аз баҳр»-ро шабеҳ аст, ба он хотир аст, ки хонандагони рӯзнома муътақид гарданд, ки сазовор шудани Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҷоизаи Бонки Исломии Рушд  аз баракати меҳнати пурмаҳсул ва дастовардҳои назаррас ба даст омадааст. Маросими супоридани ҷоизаи фавқуззикр моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳошияи баргузории ҷаласаи 38-уми мудирони Бонки Исломии Рушд дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Аҳли заҳмати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи      Абӯалӣ ибни Синоро бо ин дастоварди арзанда таҳният мегӯем.

 

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»