Мо кӯдакони замони ҷанг ҳастем ва даҳшати онро шояд аз дигарҳо бештар дарк кардаем. Солҳои ҷанг барои кишвари мо солҳои хеле вазнин буданд, аммо ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, роҳбари ҳамонвақтаи Иттифоқи Советӣ И. В. Сталин ятимони бесаробон, бараҳнаю гуруснаро фаромӯш накарда, барои онҳо дар тамоми шаҳрҳои Иттифоқи Советӣ ятимхонаҳо ташкил кард. Яке аз онҳо ман будам.
Дар чунин замони вазнин қисме аз кӯдакону наврасон оворагарду бепарастор монда буданд, талбандагӣ мекарданд, ҷойи хоб мекофтанд. Баъзеи кӯдакон аз гуруснагӣ ва сармо мефавтиданд.
Ҳамон солҳо чанд мисраъ шеър гуфта будам:
Намеравад зи ёди ман сахтии солҳои ҷанг,
Ранҷу азобу кулфати зиёди рӯзгори танг.
Чӣ ҷанги ваҳшатона буд барои ҷумла одамон,
Бори гарони зиндагӣ монда ба дӯши модарон.
Оворагардии ятимони замони ҷанг дар асари барҷастаи нависандаи рус М. Шолохов «Тақдири инсон», ки аз рӯи он филми бадеӣ ҳам ба навор гирифта шудааст, хеле хуб бозгӯйӣ шудааст.
Хонаҳои бачагон дар тамоми минтақаҳои аҳолинишини Иттифоқи Советӣ дарҳои худро боз карда, ятимони гуруснаву бараҳнаро ба оғӯши худ мегирифтанд. Ҳатто ҷанговарон аз ҳисоби хӯрока ва пӯшокаи худ ба ятимхонаҳо ҳисса ҷудо мекарданд, ки ин намунаи олии инсонпарварии халқи советӣ буд.
Ҳамин гуна як муассиса дар ноҳияи Шаҳринав низ кушода шуд. Солҳои тӯлонӣ мо — духтарону писарон дар ин ҷо дар як фазои оромию осудаҳолӣ таълиму тарбия мегирифтем. Моро мураббиёни дилсӯз бо меҳру муҳаббати бепоёни падаронаву модарона тарбия мекарданд.
Дар мактаби миёнаи ба номи Н. Островскийи ноҳияи Шаҳринав ба мо муаллимони ғамхор дарс медоданд. Насиҳат мекарданд, ки мо вақти худро беҳуда нагузаронем, бештар китоб хонем, ба корҳои беҳуда машғул нашавем, то ки дар оянда бе мушкилӣ ба донишгоҳҳо дохил шуда, соҳиби маълумот ва касбу ҳунар гардем.
Мураббияҳо зимни дарстайёркунӣ ёрии амалӣ расонида, ба мо аз шуҷоату мардонагии халқи ИҶШС, бахусус аз корнамоиҳои Олег Кошевой, Сергей Тюленин, Люба Шевсова, Уляна Громова, Володя Дубинин, Павлик Морозов, Зоя Космодемянская, Александр Матросов, Николай Гастелло ва дигарҳо қиссаҳо мекарданд.
Дар фароварди сухан баъзе тарбиягирандагони Хонаи бачагонро ёдовар мешавам, ки дар тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ саҳмгузоранд. Инҳо: Розия Қурбонова — бофандаи Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Ҳадиса Қурбонова – Шоираи халқии Тоҷикистон, Одинаев Абдуфаттоҳ – бастакор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Тӯрахон Аҳмадхонов –режиссёр ва ҳунарпешаи Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ», Гулчеҳра Раҳмонова – дандонпизишк, Баҳром Сироҷов – собиқ роҳбари ШСХК «Барқи тоҷик», Доғӣ Раҳматуллоев – муҳандиси сохтмон, Назарбибӣ Кабирова – омӯзгор, Қаюм Раҷабов – Корманди шоистаи Тоҷикистон, Вафо Назаров – Рассоми халқии Тоҷикистон, Карим Раҷабов – агроном, Азизмо Азизова– директори мактаб, Марворид Ҳомидова– духтур, Ёқуб Сироҷов – байтор, Хайрулло Сироҷов – омӯзгор ва бисёр дигарон.
Умринисо СУЛТОНОВА, дастпарвари Хонаи бачагон, сокини шаҳри Душанбе