Ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи шоири шинохтаи қарни XIX ва ибтидои асри XX Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ атрофи он ва хона — музейи шоир таҷдиду навсозӣ мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд 9 июни соли равон муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни анҷоми сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ оромгоҳи Нақибхон Туғрали Аҳрориро зиёрат намуда, ба таъмиру бозсозии мақбараи шоир ҳусни оғоз бахшид. Ёдовар мешавем, ки соли равон 150-солагии Нақибхон Туғрал чашн гирифта мешавад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд панҷ миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар суҳбат бо аҳли илму адаб ва сокинони деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ — зодгоҳи шоир, раиси вилояти Суғд А. Қодирӣ зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз халқи тоҷик ба анъанаву мероси гузаштагон арҷ гузошта, ному пайкор ва зиндагиномаи фарзандони баруманди хешро пос медорад.
Мавсуф ба масъулин дастур дод, ки бо таъсиси як комиссияи босалоҳият бо ҷалби наздикону пайвандони Нақибхон Туғрал симои аслии шоирро барои бунёди пайкараи ӯ муайян созанд.
Ҳамчунин бо ҷараёни бунёди Қасри фарҳанги ноҳия, ки корҳои сохтмонии он моҳи феврали соли равон оғоз гардида буд, аз наздик шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи нақшу нигори миллӣ дар ин раванд ва ободонии атрофи он супоришҳои мушаххас дод.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»