Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед намояндаи Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрея Богналиро ба ҳузур пазируфт.
Шодихон Ҷамшед аз кумакҳои ғизоии барнома ба вилоят изҳори сипос карда, гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва иқлими кӯҳистон аз дигар манотиқи кишвар ба куллӣ фарқ мекунад. Ин омил боиси он аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба кумакҳои ғизоӣ бештар ниёз дорад. Ҳоло хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва беморони Беморхонаи сили вилоят аз кумакҳои ғизоии барнома бархӯрдоранд. Барои бархӯрдор будани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз барнома низ изҳори сипос карда шуд.
Намояндаи Дафтари СММ оид ба озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрея Богнали аз истиқболи гарми роҳбарияти вилоят изҳори ташаккур намуда, зикр кард, ки баъди боздиди корӣ барои тавсеаи ҳамкориҳо ҷаҳду талош хоҳад кард.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»