Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди вилояти Суғд Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» бо иштироки 300 нафар ҷавонони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дувоздаҳуми июни соли равон корвони нақлиётии ҷавононро дар шаҳри бостонии Истаравшан масъулини шаҳр бо дастаҳои ҳунарӣ ва ҷавонон ботантана пешвоз гирифта, барномаи рангини фарҳангиро таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» пешкаши меҳмонон намуданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ раиси шаҳри Истаравшан Наим Набизода ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода суханронӣ намуданд. Иштирокчиёни фестивал рӯзи сеюми баргузории ҷашнвора аз мавзеи таърихии Қалъаи Муғ ва Маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ дидан намуданд.
Сипас, иштирокчиёни фестивалро дар шаҳри Қайроққум бо гулу гулдастаҳо ва нону намак истиқбол гирифтанд. Қисмати расмии фестивал зимни баргузории чорабинии бошукӯҳ дар Маркази солимгардонии кӯдакон ва ҷавонон — «Шоҳин» бо сухани ифтитоҳии муовини раиси вилояти Суғд Ғаффорӣ Назира Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев ифтитоҳ ёфт.
Ғаффорӣ Назира Абдуллозода қудуми ҷавононро, аз гӯшаву канори мамлакат ва кишварҳои дӯст — Қирғизистону Федератсияи Россия, Украинаву Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сарзамини куҳанбунёди вилояти Суғд, хайра мақдам гуфт. Ӯ иброз дошт, ки баргузории Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон ба Соли гулҳо ва фарҳанг дар вилояти Суғд рост омада, ин диёри зебоманзарро бо чунин ҷавонони саодатманду умедбахш боз ҳам зебу зинат мебахшад. Бояд ин майдон майдони дӯстӣ, табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ, шиносоӣ, фароғат, қувваозмоӣ ва оғози ҳамкориҳои нав бошад.
Баргузории чунин фестивалҳо дар таҳкими дӯстии ҷавонони ҷумҳурӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт. Иқдоми мазкур дар шароити муосир саривақтӣ буда, барои ҷавонон ҷиҳати баланд гардидани сатҳи ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстӣ омили муҳиму зарурист. Чунин тадбирҳо ҷавононро водор месозанд, ки ҳамқадами замон ва барои ободии Ватан ҳиссагузор бошанду мавқеи худро дар ҷомеа устувор нигоҳ доранд.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд ба ҷавонон таъкид мекунанд, ки «Ман ба ҷавонон боварӣ дорам, зеро онҳо ояндаи давлату миллат мебошанд». Аз ин рӯ, ҷавонони мо бояд ба ин боварии Сарвари давлат сазовор бошанд ва давлату миллати худро дӯст дошта, чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд,- гуфт Ғаффорӣ Назира Абдуллозода.
Сипас, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфт:
-Баргузории Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон таҳти шиори «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ шаҳодати мустаҳкамии дӯстиву рафоқат мебошад. Мо — ҷавонони Тоҷикистон суханони таъсирбахши Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо ифтихор суханони ӯро вирди забон меорему мегӯем: «Мо як Ватан, як забон ва як миллат дорем, ки номаш Тоҷикистон аст» ва ин Ватани ба ҷону дил баробарро дӯст медорему қадр менамоем.
Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум», Душанбе — Истаравшан – Қайроққум