Бисту дуюми июни соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котиби Кумитаи ҳизбии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Халқии Хитой Го Гэнмаоро ба ҳузур пазируфт.
Аз ҳамкории мустақими Тоҷикистон бо ин музофоти дар соҳаи кишоварзӣ машҳури Хитой, ки панҷ сол пеш оғоз ёфта буд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба имконоти фарохи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, сохтмон ва ғайра сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба иҷрои нишондодҳои тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ миёни як зумра вазорату идораҳои Тоҷикистон бо музофоти Хэнан зоҳир гардид. Ёдовар шуд, ки тибқи ин санад бояд аз ҷониби ширкатҳои хитойӣ дар Тоҷикистон якчанд корхонаи саноатӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, орд, равған, хӯроки омехтаи чорво ва коркарди тухмии зироатҳо сохта шавад.
Бо хушнудӣ зикр гардид, ки як зумра корҳои муштарак, аз ҷумла кишти пахта, ҷуворимакка ва дигар зироатҳо бо технологияи муосири кишоварзӣ дар Тоҷикистон, аллакай иҷро шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки корхонаҳои саноатӣ низ бояд ҳар чӣ зудтар сохта, ба кор дароварда шаванд.
Ҳамчунин доир ба ташкил ва густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таҳкими минбаъдаи дӯстию ҳамгироӣ табодули назар шуд.
www.president.tj