Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Намоиш- ярмаркаи маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳи мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ибтикори Палатаи савдо ва саноати вилоят ва ширкати намоишгоҳии «MAPPNA»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, чор рӯз идома ёфт.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш — ярмарка муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Рашидиён иштирок ва суханронӣ намуданд. Абдураҳмон Қодирӣ ва Алиризо Рашидиён зимни суханронӣ дар намоишгоҳи мазкур бо таъкиди муштаракоти таърихиву фарҳангии ду кишвари дӯст ва ҳамзабон баргузории чунин намоишгоҳҳоро дар қаламрави ҳамдигар дар таҳким ва рушди равобити дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.
Қобили таъкид аст, ки дар намоишгоҳи мазкур беш аз 50 ширкат ва корхонаҳои вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳсулоти нассоҷӣ, атриёт, ҷавоҳирот, техникаи хоҷагии қишлоқ, сохтмон, ҷаҳонгардӣ ва дигар маводро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар чаҳорчӯбаи ҳамин намоишгоҳ дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд мулоқоти соҳибкорони тоҷику эронӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он роҳҳои таҳким ва тавсеаи равобити тоҷирону соҳибкорони ҳар ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар масоили муҳими ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»