Агар дар бораи картошкаи хушсифат дар ноҳияи Тоҷикобод сухан равад, сокинони маҳал, пеш аз ҳама, мавзееро ба ёд меоранд, ки бо номи Регак машҳур аст. Ин мавзеъ дар баландии кӯҳсор ҷой гирифта, ба хоҷагии тухмипарварии «Сари най» мансуб мебошад. Заминҳои Регак ба номаш мувофиқ нестанд, балки дорои хоки сиёҳ ва хеле ҳосилхезанд. Деҳқононе, ки дар ин мавзеъ картошка кишт мекунанд, боре ҳам аз кам ҳосил гирифтан шикоят накардаанд.
Ин хоҷагӣ солҳои барқарории ҳукумати шӯравӣ ба номи яке аз фарзандҳои ҷасуру муборизи Раштонзамин Абдулло — командир номгузорӣ шуда буд. Ҳамон Абдулло — командире, ки муқобили босмачиён мардона ҳарб карда, шуҳратманду номдор буд. Ҳамдиёрон бо ифтихор корномаҳояшро қисса мекарданд. Соли 1997 шакли хоҷагидорӣ тағйир ёфта, чанд қисмат шуд. Дар натиҷа, хоҷагии коллективии «Сари най» ва хоҷагии коллективии «Ҳайдар Қосим» таъсис ёфтанд. Баъдтар, хоҷагии «Сари най» ба хоҷагии тухмипарварӣ табдил дода шуд. Аз рӯзи таъсисёбии хоҷагии «Сари най» роҳбарии он ба дӯши мутахассиси варзида ва соҳибтаҷриба Исҳоқ Саидов гузошта шуд.
Исҳоқ Саидов дастпарвари Институти хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) аст. Ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро соли 1979 бо ихтисоси агроном хатм намуда, ба зодгоҳаш баргашт. Рӯзҳое буд, ки коргарони хоҷагии Абдулло — командир дар мавзеи Регак бо мақсади васеъ кардани заминҳои кишти картошка ба кушодани заминҳои нав машғул буданд. Сарварии хоҷагиро шодравон Худоёр Одинаев ба уҳда дошт. Марди кордону боинсоф буд, аммо барои сари вақт иҷро кардани корҳо сахтгирӣ мекард. Ҷавонони соҳибистеъдодро дӯст медошт ва дар тарбияи онҳо талош мекард. Саркори номдор шодравон Сайидҷон Бурҳонов, ки бо таҷрибаи ғанӣ ва кордониаш маъруф буд, ба Исҳоқи ҷавон маслиҳат дод, ки аз ҳисоби ҷавонҳо як бригадаи комсомолӣ ташкил намояд. Дар муддати кӯтоҳ бригада аз ҳисоби ҷавонони деҳот ташкил ёфта, ба картошкакорӣ машғул шуданд. Ҳамин буд, ки Исҳоқ Саидов барои комёбиҳои баланди истеҳсолӣ вакили анҷумани 24-уми ЛКСМ Тоҷикистон интихоб гардид.
Минбаъд Исҳоқ Саидов дар вазифаҳои сарагрономи хоҷагӣ, сардори идораи «Селхозхимия», мудири нуқтаи қабули тамоку кор кард.
27 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориаш ба ноҳияи Тоҷикобод меҳмони кишоварзони хоҷагии тухмипарварии «Сари най» шуд. Сарвари давлат ба нашъунамои картошка, майдонҳои ғаллазор ва фаъолияти занбӯриасалпарварони хоҷагӣ шинос шуда, ба заҳмати деҳқонон баҳои баланд дод.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар муқоиса бо дигар хоҷагиҳои ноҳия ҳамасола деҳқонони хоҷагии тухмипарварии «Сари най» ҳосили баланд мерӯёнанд. Соли 2014 хоҷагӣ дар майдони 37 гектар картошка кишт карда буд. Тирамоҳ картошкапарварон аз ҳар гектар 227 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. 95 гектар ғалла кошта, аз ҳар гектар 20 сентнерӣ хирман бардоштанд. Аз суҳбат бо роҳбари хоҷагӣ Исҳоқ Саидов маълум гардид, ки ӯ якҷо бо мутахассисон ба хотири рушди хоҷагӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб додааст ва айни ҳол тибқи он кор бурда истодаанд. Ба андешаи ӯ, вақти он расидааст, ки ба тамоми хоҷагиҳои кишоварзӣ танҳо мутахассисон роҳбарӣ кунанд.
Ба истифода додани қисмати дуюми канали Себистон омили муҳими васеъ гардидани майдони кишти картошка дар заминҳои Регак мебошад. Дар ин мавзеъ заминҳои ҳосилхез зиёданд, аммо аз сабаби набудани об истифодаашон ғайриимкон аст. Ҳамзамон ӯ мустаҳкам намудани атрофи Сурхкӯл ва зиёд намудани захираи оби он аз ҳисоби чашмаҳои атрофро барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ дар ин мавзеъ зарур медонад.
-Заминҳои талу теппаи ин мавзеъ, — мегӯяд Исҳоқ Саидов, — барои бунёди боғҳои лалмӣ мувофиқ мебошанд. Мо оид ба ин масъала низ кор карда истодаем. Бовар дорам, ки хоҷагии мо дар ояндаи наздик ба яке аз хоҷагиҳои пешрафтаи тухмипарварии минтақа табдил меёбад.
Хоҷагии тухмипарварии «Сари най» имконият дорад на танҳо ноҳияи Тоҷикободро бо тухмии хушсифат таъмин, балки барои ноҳияҳои ҳамсоя низ тухмӣ пешниҳод намояд. Соли равон хоҷагии тухмипарварии «Сари най» дар майдони 70 гектар кишти ғалладона (аз ҷумла 40 гектар кишти тирамоҳӣ) ва 39 гектар картошкаро ба нақша гирифта буд. То имрӯз нақшаи пешбининамуда пурра иҷро шуд.
Исҳоқ Саидов вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мебошад. Дар доираи ваколати вакилиаш низ дар корҳои ободонӣ ва иҷрои дархости интихобкунандагон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, маблағгузории ташкилотҳои мададрасони байналмилалӣ ду хати оби нӯшокӣ, як осиё, ду неругоҳи хурди барқи обӣ, дастгоҳи фиристонандаи мавҷи барномаҳои телевизион, пули мошингузар ба самти Регак бунёд карда шудаанд, ки бо ташаббуси ин вакил амалӣ гардиданд.
Туфайли заҳматкашӣ, ташкилотчигӣ ва эҷодкорию ҷӯяндагӣ Исҳоқ Саидов на танҳо дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод, балки берун аз он соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардидааст. Соли 2010, ҳангоми ҷамъбасти озмун аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовори ҷоизаи «Картошкапарвари беҳтарини сол» дониста шуд. Ҳамон сол хизматҳояш бо мукофоти давлатӣ — медали «Хизмати шоиста» қадр гардиданд.
Боварӣ дорем, ки бо сарварии Исҳоқ Саидов кишоварзони хоҷагии тухмипарварии «Сари най» соли равон низ ба комёбиҳои бештару беҳтар муваффақ гардида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми сазовор мегузоранд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»