Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии 73-юми Шӯрои фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ таҳти раёсати муовини якуми директор — роҳбари Хадамоти сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия, генерали артиш Владимир Кулишов баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони даҳ вазорати сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ, Хадамоти ҳамоҳангсозӣ ва намояндагони мақомоти дахлдор иштирок доштанд. Таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои мустаҳкам намудани марз, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказии аъзои ИДМ, ки хатари зиёд аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба онҳо таҳдид дорад, дода шуд. Иштирокчиёни ҷаласа дар соли 2015 гузаронидани таҳлили миёнамуҳлати коршиносонро, бинобар таҳдид ба бехатарӣ ва шиддат гирифтани вазъ дар сарҳад, зарурӣ ва мақсаднок ҳисобиданд. Дар ин самт баланд бардоштани фаъолияти гурӯҳи Шӯрои фармондеҳии қӯшунҳои сарҳадӣ доир ба мониторинг ва таҳлили вазъ дар сарҳади берунаи давлатҳои аъзои ИДМ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид гардид.
Роҳ ва усулҳои амалисозии Протокол оид ба тасдиқи Дастурамал ҷиҳати ташкили ҳамкории сохторҳои сарҳадӣ ва мақомоти дигари давлатҳои аъзои ИДМ барои расонидани кумак ҳангоми рӯй додан ва муътадил (бартараф) гардонидани ҳолати буҳронӣ дар марзҳои беруна аз 5 октябри соли 2007 ҳамаҷониба таҳлил шуд.
Лоиҳаи нақшаи гузаронидани машғулиятҳои фармондеҳию ситодии сохторҳои сарҳадӣ, машқҳои муштараки қисму гурӯҳҳо ва тайёр намудани роҳбарони чунин қисмҳо аз ҷониби иштирокчиёни ин ҳамоиш қабул гардид.
Натиҷаи пешакии амалиёти махсуси муштараки «Ғарб — 2015» ҷамъбаст ва омодагиҳо оид ба баргузории амалиёти «Бародарии ҳаммарз — 2015» дар нимсолаи дуюм доир ба пешгирии амалиёти ғайриқонунӣ тавассути марзи берунаи давлатҳои аъзои ИДМ дар самти Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.
Баробари дигар масъалаҳо, дар ҷаласа инчунин банақшагирии фаъолияти Шӯрои фармондеҳӣ, иштирок дар таҳияи лоиҳаи қонунҳои намунавӣ (моделӣ), ҳамкориҳои муштараки илмӣ- тадқиқотӣ, гузаронидани чорабиниҳои амалии мақомоти оперативӣ-ҷустуҷӯйии сохторҳои сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ низ муҳокима гардиданд. Дар маҷмӯъ, дар ҷаласаи 73-юми Шӯрои фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ ҳашт масъала мавриди муҳокима қарор гирифта, бештар аз 20 қарори Шӯрои фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ қабул шуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа бо фаъолияти маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардиданд.
Дар доираи ин чорабинӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳои сохторҳои сарҳадӣ алайҳи амалиёти ғайриқонунӣ дар марзҳои берунии давлатҳои аъзои ИДМ» доир гашт, ки дар он намояндагони политсияи сарҳадии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок доштанд.
Иштирокчиёни ҷаласа баргузории ин чорабиниро дар пурзӯр гардонидани ҳамкорӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳо доир ба мустаҳкам ва мукаммал гардонидани ҳифзи сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои ИДМ муҳим ва самарабахш арзёбӣ намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои фавқуззикр нимаи дуюми соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»