Мулоқоти Сарвари давлат бо вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

18896393760_03c388335f_oПрезиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бисту сеюми июни соли 2015 як гурӯҳ вакилони Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ)-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо СААШ оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дастгирии техникии сохторҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон бо СААШ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар масири омодасозии кадрҳои низомӣ, омӯзиши забонҳо, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгаройӣ, поксозии гуманитарии минаҳо, нобудсозии муҳимоти ҳарбӣ, амнияти сарҳадот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгӯии офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо ҳамкории босамар дорад.

Чунин ҳамкорӣ бештар дар доираи «Барномаи шарикӣ барои сулҳ» ва «Барномаи инфиродии шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ» сурат мегирад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ доир ба мусоидат ба таҳкими сулҳу эътидол дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ҳамсоякишвар зоҳир гардид.

Дар робита ба ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Тоҷикистон тас-мими Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ба хотири устувории сулҳу субот дар Афғонистон дастгирӣ менамояд».

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили доғи минтақавӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи кишварҳои Шарқи Наздик ва пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгаройӣ, сурат гирифт.

Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкорӣ бо СААШ минбаъд ба хотири дастгирии бештари сохторҳои амниятию дифоии Тоҷикистон ва ба нафъи таҳкими амнияту субот дар минтақа боз ҳам густариш меёбад.

www.president.tj