- мегӯяд раиси Шӯрои уламои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб Ҳайдар Шарифзода
- Исми Мулло Ҳайдар ҳамчун донандаю посдори исломи ноб ва суннатӣ аз миёнаҳои солҳои 70 — уми асри гузашта байни мардуми собиқ вилояти Кӯлоб маълум буд. Сокинони маркази ин вилояти собиқ бо эҳтирому самимияти хоса шуморо соли 1990 дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоянда интихоб намуданд. Нақшатон дар баробари садҳо фарзандони сарсупурдаи Ватан дар роҳи расидан ба Сулҳу Ваҳдати миллӣ хеле чашмрас аст. Пурсиданием, ки имрӯз бобати ин неъмати бебаҳо чӣ андешаю гуфтаниҳои тоза доред?
- Имрӯз ба ҳамаамон чун оина равшан аст, ки ба оташи ҷанги бародаркуш кашидани кишвари тозаистиқлоламон натиҷаи мазҳаббозиҳои ҳамон гурӯҳҳоеанд, ки мисли ҳозира аз заифии тафаккурашон фирефтаи афкори душманони миллату мазҳабанд. Вақте ки банда дар аввали солҳои зикршуда аз пайдо шудани равияе бо номи «Ваҳҳобия» ҷомеаи онвақтаро ҳушдор додам, қисмате аз масъулони дин, чӣ дар марказ ва чӣ дар музофотҳо, душманам шуданд. Маро ба он айбдор карданд, ки ман одами давлатаму давлатро пуштибонӣ мекунам. Албатта, ин гуна айбҷӯӣ барои равшанназарону некбинон бисёр нозебу хандаовар менамояд, дар сурате ки Қуръони Карим эҳтирому дӯст доштани Ватанро, ки ду боли он миллату давлат маҳсуб меёбад, барои ҳар мусулмон шарт донистааст.
Чанде пеш сокинони кишвар тавассути телевизион худ шоҳиди ҳол буданд, ки чӣ тавр яке аз собиқ мухолифони банда Мулло Абдураҳим аз ноогоҳӣ ба афкору дасисаҳои душманони миллату ватан ва мазҳаб фирефта гаштани худро мардонавор иқрор шуд. Ман ҳам баробари дигарон барои ин гуна иқрору пушаймонӣ, ки он хоси мардони асилу воқеист, ашк рехтам. Айнан ҳамин гуна ҳолат зимни аз ҷанги Сурия пушаймон баргаштани ҷавони хуҷандӣ низ фарогирам шуд. Чанд сол пеш тарзи муносибату ҳаракат ва шакли либоспӯшии баъзе ҷавонон, зимни намозгузориҳо маро сахт ба ташвиш оварда буд. Баъдан пай бурдам, ки ин ҷавонони аз бозиҳои пӯштипардагии абарқудратону душманони ислом ноогоҳ ба равияю мазҳабҳои бегона талоши гаравидан доранд. Хомӯш истоданро раво надидам ва онҳоро барои бозгашт аз ин роҳи хато даъват намудам.
Давлати мо бо ранҷу машаққат ба камол расида, соҳиби неруи қавӣ шудааст. Давлатмардонаш пухтаю зирак гаштаанду бо ин сифатҳои неки хеш ва ҳамдастии мардуми заҳматкашаш кишварро аз нигоҳи иқтисодӣ қудратманд ва соҳибэҳтироми олам кардаанд. Мардум аз он кашмокашиҳои бемаънию хунини тафриқабозон сабақи талх гирифт. Ҳамин аст, ки даъвату таъкидҳои ҳамешагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро оиди дар ин замони мураккабу пурихтилофи муборизаҳои абарқудратҳо пеша кардани ҳушёрии сиёсӣ ба эътибор гирифта, дурандеш шудаанд. Маҳз ҳамин сифатҳои пешакардаи мардуми шарифи кишвар аст, ки Ваҳдати миллӣ бештар аз пештар қавитару устувор ва халалнопазир гардид.
- Шуморо аслан ба сифати як ҳимоятгари оину мазҳаби гузаштагон ва ё худ суннатиамон аз таҳдиду фишорҳои ҳар гуна равияву мазҳабҳои ғайр мешиносанд…
- Гуногунандешӣ дар сиёсат ва иқтисодиёт хуб аст, зеро он боиси рушду пешравӣ мегардад. Аммо ин усул дар оину дин чандон мувофиқу ҷоиз нест ва тавре аз таърих медонем, истифодаи он ҳамеша боиси ихтилофҳои бузург гаштааст. Як сабаби асосии ҷанги шаҳрвандии мо низ маҳз ҳамин омил гардид. Бинед, ки дар ду — се соли охир аз истифодаи ин усул давлатҳои ободу тараққикардаи арабӣ ба чӣ ҳол расиданд? Қисмати аъзамашон гурезаву овора шуда, давлатҳояшон дар вартаи нобудӣ қарор доранд. Мазҳабгароӣ ҳамеша бар зарари исломи воқеист ва аслан аз ин усул душманони ҳамешагии ислом кор мегиранд. Бо ин роҳ дини исломро бадном ва сарватҳои табиии мансуби сарзаминҳои пайравони онро ба «ком»-и худ кашида, бузургтару абарқудраттар мешаванд. Аз ин хотир, то охирин лаҳзаи ҳаёти худ бузургтарин мазҳаби Ислом- Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собитро, ки ба он гузаштагони беш аз ҳазорсолаамон аз рӯи муҳаббату ихлоси хоса пайравӣ кардаанд, пуштибонӣ менамоям.
Ба наздикӣ аз тариқи телевизион баръакси ин мазҳабу оини суннатиро дидем. Дидем, ки як тан аз намояндаи ин гурӯҳи мазҳаббозон худро пайғамбар муаррифӣ карда, пайравонаш дуқад шуда, чархҳои мошини гаронбаҳои ӯро бӯса мезананду хоки пояшро ба дида молида, пасобаи чиркини дастонашро менӯшиданд. Аҷаб манзараи ҳузновару андешаоваре. Шахсан барои ман, ки беш аз 40 сол боз мардумро ба тақводорию Худодӯстӣ талқину ҳидоят мекунам, дидану шунидани ин ҳолатҳо бароям шармовару нафратовар аст, зеро чунин тарзи исломдорӣ хилофи шариат ва оину мазҳаби мост.
- Таманнои шумо ба Рӯзи барои миллат азизу муборак.
- То охирин нафаси умр дуо мекунам, ки Ваҳдати миллиамон, ба қавли Фирдавсии бузург аз ҳеҷ гуна боду борон газанд наёбад.
Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»