Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Фан Сянжун

№44 (3029) 09.04.2013

5 апрели соли 2013 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжунро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот  ҷонибҳо масоили роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни яке аз шаҳрҳои бандарию саноатӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Халқии Хитой  — Сямэн ва Душанберо, ки дар асоси тафоҳумоти мавҷудаи сатҳи олӣ тарҳрезӣ шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ибтикороти мазкурро, ки ба амалисозии барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ  ва гуманитарии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  мусоидат менамояд, амри воқеӣ  ва мубрам маънидод намуд.

Дар ин зимн  зикр сохт, ки мо ташрифи ҳайати меҳмононро бо садорати мири шаҳри Сямэн ҷаноби  Лю Кэтсин шуруъ аз даҳаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ  интизор хоҳем буд. Бо ин мақсад аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи кории барномарезии баргузории ҳадафмандонаи сафар ташкил  карда шудааст.

Мулоқот  дар фазои ҳусни  тафоҳум ва созанда ба фарҷом расид.

 

Ш. САИДОВ,

котиби матбуотии

Раиси шаҳри Душанбе