Гул кунад аз мақдамат…

№88 (3389) 27.06.2015

DSC_03631

Сокини деҳаи Сасиқ — Булоқи ноҳияи Ҷиргатол Низом Абдуҷалилов аз як сафари  кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба пешвози Сардори давлат чунин мисраъҳои шеъриро эҷод  менамояд:

Эй баҳоре, дар хазони тоҷикон, хуш омадӣ!

Чун насими тозае бар ҷисму ҷон, хуш омадӣ!

Гул кунад аз мақдамат ҳар ҷо, ки мемонӣ қадам,

Гулпарасту гулбадасту гулфишон, хуш омадӣ!

«Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест»,

Оламеро гаштаӣ вирди забон, хуш омадӣ!

«Шоҳ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад»,

Эй амину довари адлу амон, хуш омадӣ!

Тоҷикон ҳам будаанд қофиласолори замон,

Марҳабо, Исмоили давру замон, хуш омадӣ!

Сарбаландӣ хоҳамат чун қуллаҳои сарбаланд,

Ҷиргатолро сарбаланди сарварон, хуш омадӣ!

(Ҷиргатол, 4 октябри соли 2008)