Дар бораи Сарвари давлат

№88 (3389) 27.06.2015

Абдулла

Зуҳури падидаи Ваҳдати миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлатҳои миллӣ аст, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣ зарурати ба даст овардани эҳсоси умумияти ягонаи сиёсии мардум, ки дар як воҳиди маъмурӣ зиндагӣ доранд, боло меравад. Бинобар ҳамин ҳам, Ваҳдат хусусияти  миллиашро танҳо дар доираи ташаккули давлати миллӣ пайдо мекунад ва мавриди татбиқ қарор мегирад. Бинобар ин, нақши давлат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ меафзояд, зеро он баҳри таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва равнақи фарҳанги миллӣ манфиатдор аст.

Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам марбут ба омилҳои гуногунҷанбаест, ки дар он нақши  муассирро ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мебозад. Ҳаёти ҷамъиятии баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки бар асари ихтилофи байниҳамдигарии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мубталои муноқишоти дохилӣ гаштанд, собит карданд, ки дар доираи қонунҳо ҳамоҳанг  сохтани ниҳодҳои давлатӣ, ки дар кишварамон ба вуқӯъ пайваст, барои амалияи ҷомеасозиамон комилан  дуруст буд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон («Садои мардум», №56- 57 (2728-2729) аз 6 майи соли 2011)

 Ман аз фаъолияти  камназири Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ  Шарифович Раҳмонов натиҷа бардоштам:

Ӯ тавонист миллатро як бори дигар барои худи миллат ва оламиён шиносонад;

Ӯ тавонист ифтихори миллиро дар рӯҳи мо бипарварад ва баланд бардорад;

Ӯ тавонист, ки моро ба созандагӣ ва офарандагӣ ҳидоят намояд;

Ӯ тавонист, ки торҳои дӯстиву рафоқатро миёни тамоми  шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста ба  мансубияти миллату нажод, пайванд кунад…

Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон («Садои мардум» №79 (1352) аз 5 октябри соли 2001)