Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Ваҳдати миллӣ

№88 (3389) 27.06.2015

422072_265412786862248_168185089_n

 «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро неруи тоза ва тақвият мебахшанд. 

Бо саодати наслҳои имрӯзу оянда мо соҳиби давлати миллӣ мебошем, ки дар он ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот  побарҷост».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили 14–умин солгарди Ваҳдати миллӣ, 27 июни соли 2011)

Тавоноӣ ва  некбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду Ваҳдати  афроди он вобаста мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сулҳу Ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон