Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 22. Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ
1. Зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ муҳлат диҳад.(ҚҶТ аз 20 марти соли 2008, №382).
2. Агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидааст ва тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ надоданд, ақди никоҳ бекор карда мешавад.
3. Агар суд даъвои бекор кардани ақди никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани ақди никоҳ такроран бо аризаи даъво муроҷиат намоянд.
Моддаи мазкур (қисми аввали он) вазъиятеро дар назар дорад, ки яке аз ҳамсарон барои қатъи ақди никоҳ ризо нест ва давом додани зиндагии якҷояро мехоҳад. Дар чунин ҳолат суд барои ба сулҳу салоҳ ва ҳамдигарбахшӣ расонидани ҳамсарон чораҳо меандешад, зимни баррасӣ сабабҳои аслии низои ҳамсарон, заминаҳои пайдоиши мухолифат ва то кадом андоза ҷиддӣ будани онҳо бо иштироки ҳар ду тараф роҳҳои ҳалли низоъро ҷустуҷӯ мекунад. Чун қоида, суд парвандаро оид ба қатъи ақди никоҳ бо иштироки шахсии зану шавҳар таҳқиқ мекунад. Ҳангоми ҳозир нашудани ҳамсарон (ҳар ду тараф) ба мурофиаи судӣ баррасии парванда мавқуф гузошта мешавад, дар ҳолати дубора ҳозир нашудани ҳамсарон аризаи даъво бе баррасӣ гузошта мешавад. Парванда оид ба қатъи ақди никоҳ ба шарте бе ҳозир нашудани ҳамсари даъвогар баррасӣ мешавад, ки агар бидуни сабабҳои узрнок ӯ дар ҷаласаи судӣ иштирок накунад.
Дар ҷаласаи судӣ бояд ҳаққонияти сабабҳои оғози парванда дар хусуси қатъи ақди никоҳ ошкор карда шаванд, зеро чунонки аз таҷрибаи судҳои ҷумҳурӣ хулоса мешавад, на ҳама вақт он сабабҳо бо сабабҳое, ки дар аризаи даъво навишта шудаанд, мувофиқат мекунанд. Дар натиҷа, мурофиаи судӣ дар баъзе ҳолатҳо ба оштишавии тарафҳо оварда мерасонад. Бо мақсади оштӣ кунондани тарафҳо, бо хоҳиши ҳар ду тараф, ё яке аз онҳо ва ё бо ташаббуси суд парвандаи қатъи ақди никоҳ барои баррасӣ мавқуф гузошта шуда, то шаш моҳ муҳлат барои андешаву мулоҳиза ва ба хулосаи қатъӣ омадани зану шавҳар оид ба тақдири минбаъдаи зиндагияшон муҳлат дода мешавад. Моддаи мазкур муҳлати аз ҳама ками мавқуфгузории парвандаро муайян накардааст. Муҳлати муқарраршуда, бо назардошти вазъи рӯҳии тарафҳо ва сабабу ҳолатҳои муноқишаи зану шавҳар, омилҳои дигаре, ки дар вақти мурофиа ҳангоми мубодилаи афкор маълум мешаванд, метавонад аз ҷониби суд давра ба давра тақсим карда шавад, ба шарте ки дар маҷмӯъ, аз шаш моҳ нагузарад. Ғайр аз ин, муҳлати зикршударо суд метавонад кам кунад (масалан, як моҳ, якуним моҳ, ду моҳ ва панҷ моҳ), агар ҳар ду тараф дар ин хусус хоҳиш дошта бошанд ва суд хоҳиши тарафҳоро асоснок ва боварибахш эътироф намояд. Агар бо гузаштани муҳлати муайяншуда ҳамсарон оштӣ шаванд, дар ин хусус ба воситаи аризаи худашон хабар медиҳанд ё умуман, ба ҷаласаи суд ҳозир намешаванд. Дар сурати оштӣ накардани ҳамсарон, суд бо муроҷиати ҷавобгар баррасии парвандаро оид ба қатъи ақди никоҳ идома дода, қарори дахлдор қабул мекунад.
Навигарии моддаи мазкур дар он зоҳир мешавад, ки қатъи ақди никоҳ на танҳо дар ҳолатҳое амалӣ мегардад, ки агар суд чораҳои оштӣ кунонидани ҳамсаронро бенатиҷа шуморад, балки ҳамсарон (яке аз онҳо) қатъиян зидди идомаи зиндагии минбаъда бошанд. Ҳамин тариқ, давом додан ё надодани муносибатҳои оилавӣ комилан ба ихтиёр ва масъулияти худи ҳамсарон вобаста аст. Ин меъёр мазмуни қисми 4 моддаи 1 Кодекси оиларо, ки дар он сухан аз принсипҳои озоду ихтиёрӣ будани ақди никоҳи зану мард меравад, тақвият мебахшад. Модоме ки ақди никоҳ ихтиёрист, пас дар қатъи ақди никоҳ низ тарафҳо озоду соҳибихтиёр хоҳанд буд. Ҳаминро бояд зикр намуд, ки дар Кодекси оила номгӯи пурраи сабабу асосҳое, ки боиси қатъи ақди никоҳ мегарданд, оварда нашудааст ва чунин номгӯро сохтан низ амри маҳол аст. Комилан мантиқист, ки дар ҳар ақди никоҳ сабабҳои хосае ҳаст, ки танҳо аз ҷониби зану шавҳар дарку фаҳм мешаванд. Одатан, дар таҷрибаи судӣ сабабҳои аз ҳама маъмул – майзадагӣ, муносибати бераҳмонаи мард, хиёнати зан, ошкор шудани зани дуюму сеюм, безуриётӣ ва ғайраҳо боиси қатъи ақди никоҳ мегарданд.
Дар таҷрибаи судӣ рад кардани даъвои бекор кардани ақди никоҳ ҷой дорад. Лекин пештара Кодекси оила баъди баровардани ҳалнома дар бораи рад кардани ақди никоҳ пас аз гузаштани кадом муҳлат такроран дар ин бора муроҷиат ба судро ба танзим надароварда буд. Пешниҳод кардани аризаи такрории зан ё шавҳар дар бораи бекор кардани ақди никоҳ бо ягон меъёри муҳлат маҳдуд нашуда буд ва то андозае он аз ихтиёрдории суд вобаста буд. Дар айни замон қисми 3 моддаи 22 КО ҶТ масъалаи зикргардидаро ба таври мушаххас ба танзим дароварда, муқаррар кард, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани ақди никоҳ зан ё шавҳар ба суд бо аризаи даъвогӣ ҳуқуқи муроҷиат кардан доранд. Дар ин маврид муайян кардан муҳим аст, ки саршавии муҳлати семоҳа муқарраркардаи Кодекс аз лаҳзаи баровардани ҳалнома дар бораи рад кардани даъвои бекор кардани ақди никоҳ ё ин ки аз лаҳзаи ба қувваи қонунӣ даромадани он (ҳалнома) ба инобат гирифта мешавад. Агар ба ҳалномаи мазкур шикояти кассатсионӣ оварда шавад, барои баррасии он муҳлати муайян сарф мешавад. Дар таҷрибаи судӣ ин муҳлат аз як то якчанд моҳ давом ёфтанаш мумкин аст, хусусан агар парванда аз ноҳияи дурдаст ба суди болоӣ фиристода шавад. Баъди ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ кардани парванда дар мавриди бекор кардани ҳалнома он (парванда) аз нав баррасӣ мегардад. Дар мавриди бетағйир монондани он, ҳалнома эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Ҳамин тавр, тахмин кардан мумкин аст, ки пас аз эътибори қонунӣ гирифтани ҳалнома дар бораи рад кардани даъво оиди бекор кардани ақди никоҳ лаҳзаи гузаштани муҳлати семоҳаи муроҷиати такрорӣ ба ҳисоб карда шуданаш мувофиқи мақсад аст.
Бояд ёдрас шуд, ки дар банди 3 қисми 1 моддаи 137 КМГ ҶТ агар оид ба баҳси байни тарафҳо дар бораи худи ҳамон предмет ва аз рӯи ҳамон асосҳо ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд мавҷуд бошад, судя қабули аризаро рад мекунад. Дар мавриди ҷой доштани чунин воқеият ҳангоми муҳокимаи судӣ дар асоси моддаи 228 КМГ ҶТ суд корро қатъ мекунад. Яъне, асосҳои номбурда барои баррасии такрорӣ монеъгӣ менамоянд. Аммо ин талабот ба муроҷиати такрории зану шавҳар дар бораи бекор кардани ақди никоҳ набояд татбиқ гардад. Ҳаёти оилавӣ доимо амалкунанда аст ва пас аз рад кардани даъво дар бораи бекор кардани ақди никоҳ муҳлати на камтар аз шаш моҳ мегузарад. Дар ин муддати на камтар аз шаш моҳ зану шавҳар барои зиндагии якҷоя тадбирҳои иловагӣ андешиданашон мумкин аст. Онҳо аз имконияти додаи қонун як бори дигар истифода бурда, муносибатҳои якдигарии худро нисбати зиндагии якҷоя муайян месозанд. Агар дар ин муддат натиҷаи мусбат ба даст наояд, он гоҳ зан ё шавҳар ҳуқуқи ба суд такроран пешниҳод кардани даъво оид ба бекор кардани ақди никоҳро доранд. Дар ин маврид асосҳои даъво назар ба муроҷиати пештара васеътар мешаванд.
(Давом дорад)