Дар нишасти матбуотие, ки 24 июни соли 2015 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, раванди пастшавии сатҳи камбизоатӣ дар кишвар бозгӯйӣ гардид.
Муовини директори Агентӣ Қиёмуддин Давлатзод зикр кард, ки ҳуҷҷати расмӣ ва ёддошти методологӣ оид ба камбизоатӣ нашр шуда, паст шудани сатҳи камбизоатиро муайян намуд. Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки методологияи нави миллии арзёбии камбизоатӣ барои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 аз ҷониби Шӯрои Тоҷикистон оид ба арзёбии камбизоатӣ ва синфи миёнаи назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд. Усули нав таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ оид ба арзёбии камбизоатӣ буда, дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дастгирии молиявии Департаменти Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ таҳия гардидааст. Номбурда гуфт, ки методологияи нав баҳри арзёбӣ ва ҳар семоҳа пешниҳод намудани маълумот оид ба некуаҳволии мардум кумак мерасонад. Он дар навбати худ ҷиҳати пайгирии тамоюлҳои камбизоатӣ ва огоҳнамоӣ аз қарорҳои муҳими сиёсӣ имконият фароҳам меорад. Гуфта шуд, ки методологияи мазкур қадами устуворе дар тарҳрезӣ ва мониторинги «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030» ва «Стратегияи рушди миёнамуҳлат барои солҳои 2016-2020» маҳсуб ёфта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъ овардани маълумоти боэътимод дар бораи хонаводаҳо, сатҳи камбизоатӣ ва нишондиҳандаҳо мусоидат мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки сатҳи камбизоатӣ давоми солҳои 2012 ва 2014 аз 37,4 фоиз то 32 фоиз коҳиш ёфт. Кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар буд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ин нишондиҳанда таври чашмрас коҳиш ёфтааст.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»