Ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, маданияти баланд, хоксориву инсондӯстӣ, накукориву накуномӣ, худогоҳӣ намунаи баланди одаму одамгарист.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуда, мардуми кишварро вазифадор кард, ки баҳри солимии оилаҳо, тарбияи хуби фарзандон, пош нахӯрдани оилаҳои ҷавон тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Ин ташвишҳо бесабаб нест. Дар рӯзгори имрӯза баъзе воқеаҳоро мебинед, ки боиси нигаронист ва аз бепарвоӣ ва бамасъулиятии сарварони оилаҳо дарак медиҳад.
Дар яке аз мурофиаҳои судӣ манфиати нафареро, ки бо ҷинояти вазнин – таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ гунаҳгор карда буданд, ҳимоя мекардам.
«Ҷабрдида» хонандаи синфи ҳашт, ҳашт моҳ аз хона бедарак шуда, бо дугонааш ба танфурӯшӣ машғул шуда, шабҳо дар тарабхонаҳо шароб ҳам менӯшидааст. Падару модар ақаллан як бор ӯро накофтанд, ба милиса хабар надоданд. Духтари ба синни шонздаҳнарасида ба ҷавонзани тахминан 20-сола шабоҳат дошт.
Ӯ бо зерҳимояи ман бо хоҳиши худ алоқаи ҷинсӣ содир кардааст. Баъди анҷоми ин амал ӯ аз мавсуф маблағи калони пулӣ талаб кард, вале зерҳимояи ман пул надошт, то маблағи талабкардаи танфурӯши ноболиғро диҳад. Танфурӯш ба милисаву прокуратура шикоят кардааст, ки ӯро «таҷовуз» карданд.
Ҳангоми баромади тарафҳо ҳимоякунандаи ноболиғи танфурӯш чанд маротиба такрор кард, ки дар оилаи омӯзгор тарбия ёфта истодааст ва он яке аз оилаҳои намунавӣ ба ҳисоб меравад. Ҳама хандиданд, судя ҳам хандиду гуфт: «Таърифро гузарондед, духтари ноболиғи дар оилаи намунавӣ тарбия гирифта, дар ҳамин синну сол ба танфурӯшӣ машғул мешавад?» Падару модар чаро ӯро накофтанд, ба милиса хабар надоданд?. Суд аз болои падару модари ноболиғ таъиноти судӣ баровард. Агар он оила намунавӣ мебуд, аъзои он ҷиноят содир намекарданд.
Дар мурофиаҳои судӣ ягон оиларо «намунавӣ» нагуфтаам, зеро аз оилаи намунавӣ асло ҷинояткор намебарояд. Адвокат бояд бегуноҳии зерҳимояашро дар асоси қонун исбот кунад.
Хуб дарк кардам, ки бисёр ҳолатҳои вайроншавии оилаҳо бо айби падару модарони бахилу бадахлоқу бетарбия ба вуқӯъ меоянд. Модарон духтаронро, падарон писаронро эрка мекунанд, ба оиладории онҳо дахолати ноҷо мекунанд.
Дар ин росто, оилаҳои намунавӣ ҳам зиёданд. Дар деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат оилаҳои бобои Собир ва амаки Сатторро оилаи намунавӣ мегӯянд. Дар давраҳои собиқ шӯравӣ ва имрӯз ҳама номи ин оилаҳоро бо некӣ ба забон овардаву мегӯянд: «Агар ҳама фарзандонашонро мисли ҳамин оилаҳо тарбия карда, ба камол расонанд, олам гулистон мешавад».
Афсӯс, ки амаки Собир аз олам ҷавон гузашту тарбияи фарзандон ба уҳдаи холаи Азизмоҳ монд. Ба азобҳои рӯзгор нигоҳ накарда, модар фарзандонро хононда, соҳибмаълумот гардонд. Писари калонӣ — Камоли Собир солҳои тӯлонӣ омӯзгор буд. Фарзандони шодравон ҳама маълумоти олӣ доранд.
Баъд аз шодравон Камоли Собир писараш — Садриддини Собир якумр ҳамчун омӯзгор фаъолият кард. Фарзандони ӯ ҳама соҳибмаълумот шуда, дар касбу корҳои гуногун фаъолият мекунанд.
Холаи Азизмоҳ тарбияи фарзандони дигар — шоири шинохта Бозор Собир, профессор, шодравон Темури Собир, доктори илм Иброҳим Собир, омӯзгори шинохта Бибикалон Собир ва апаи калонии онҳо Райҳона Собирро бар дӯш дошт. Бо дуои неки модари солхӯрда ҳамаи фарзандон ба мартабаҳои баланд расиданд. Гарчанде ҳоло дар қайди ҳаёт нест, аммо кори неку номи некаш ҷовидон аст.
Оилаи намунавии дигаре, ки дар боло зикр кардем, оилаи амаки Саттор ва ҳамсари ӯ — холаи Лолазор аст. Гарчанде ҳар ду дар қайди ҳаёт нестанд, вале кору номи неки онҳо ҷовидон аст. Онҳо дувоздаҳ фарзанди солимро тарбия карда, соҳибмаълумот гардонданд. Аз ин оила ду доктори илм баромад.
Накукору накуном зистан беҳтарин амал аст ва онро бояд риоя намоем.
Мирзо АСОЗОДА, шоир, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон