Кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар се давра -таназзул, барқароршавӣ ва рушдро аз сар гузаронида, ҳоло дар ҷодаи рушд собитқадам аст. Хизматрасонӣ ба аҳолӣ, муҳайё гардонидани молу маводи ниёзи мардум, ғанӣ кардани бозори истеъмолӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар мадди аввал гузошта шудааст.
Вазъи иқтисодиву сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ба моликияти кооператсияи матлуботи кишвар низ зарари ҷиддӣ расонида, муассисаҳои зиёди хизматрасонӣ аз фаъолият бозмонданд. Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дигар соҳаҳо фаъолияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» хеле назаррас аст.
Бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1993, 2002 ва 2008 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид шуда, дар ин замина фаъолияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба марҳилаи сифатан нав ворид шуд.
Қобили зикр аст, ки барномаҳои кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ барои панҷ сол таҳия шуда, онҳо дар Анҷумани навбатии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар се маротиба барномаҳои рушди кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд. Барномаи ниҳоии соҳа — «Барномаи рушди кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» мебошад, ки дар Анҷумани XVI кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, фаъолияти минбаъдаи соҳаи мазкурро муайян намуд.
-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт пайваста ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» кумак мекунад ва ин дастгириҳо натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд, — гуфт зимни суҳбат муовини раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Иброҳим Гулов.
Кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015 ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида, назар ба ҳамин давраи соли 2014 хеле рушд кард. Дар ин давра ба Буҷети давлатӣ аз рӯи тамоми намудҳои андоз 15,6 миллион сомонӣ пардохт гардидааст. Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва хӯроки умумӣ ба 59,8 миллион сомонӣ расида, барои сохтмон ва таъмиру тармими иншоот 901 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст. Ташкилоту хоҷагиҳои зертобеъ дар ин давра ба маблағи 29,0 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ харидорӣ намудаанд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 850 тонна амалӣ шудааст, ки 540 тоннаи он пиёз, 300 тонна меваи хушк ва даҳ тонна зардолу мебошад. Ҳоло шумораи муассисаҳои савдо ба 900 ва хӯроки умумӣ ба 234 адад расида, теъдоди умумии коргарони соҳа 5393 нафарро ташкил мекунад. Имрӯз дар тавозуни кооператсияи матлубот беш аз 222 корхонаҳои хурду миёна ва бузурги саноатӣ мавҷуданд, ки ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум машғуланд. Фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони соҳа, ки 56 ададро ташкил медиҳад ва дар майдони умумии 5759 гектар сурат гирифта, ҳамасола дар онҳо ғалладонагӣ, сабзавот ва хӯроки чорво кишт гардида, ҳосили хуб ба даст оварда мешавад.
-Роҳбарияти Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо мақсади пешгирии болоравии нархи маводи ниёзи аввалия дар бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолии пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида, дар онҳо 238 тонна маҳсулот, аз ҷумла 1,8 тонна гӯшт, 87 тонна картошка, 81 тонна пиёз, 11 тонна сабзӣ, 7 тонна карам, 7 тонна консерва ва 31 тонна дигар номгӯйи маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш бароварданд. Инчунин ҳар ҳафта, рӯзҳои истироҳатӣ дар назди Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-и шаҳри Душанбе бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда мешавад. Дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар 38 «Гӯшаи деҳқон» ташкил шудааст, ки онҳо фаъолияташонро барои пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум ба роҳ мондаанд, -иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Ба ғайр аз ин, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» давоми шаш моҳи соли равон дар рӯзҳои Ҷашни «Наврӯз», Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, мева, гӯшт ва дигар молҳои ниёзи аввалияро бо нархҳои нисбатан арзон ташкил кард.
Имрӯз Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дорои 77 бозор буда, дар онҳо 16012 ҷойи корӣ мавҷуд аст. Бозорҳои фавқуззикр давоми шаш моҳи соли равон ба аҳолӣ ба маблағи 2,2 миллион сомонӣ хизмат расониданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 63,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Тозаву озода нигоҳ доштани бозорҳо, бо таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин намудан ва риояи қоидаҳои савдо таҳти назорати доимии роҳбарияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» қарор дорад.
-Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» минбаъд низ баҳри дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намудани рисолати хеш тадбирҳои самарабахшро амалӣ менамояд,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Иброҳим Гулов.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»