Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи якуми июли соли 2015 ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари суқути ҳавопаймои боркаши низомӣ дар маҳаллаи аҳолинишини шаҳри Медани Ҷумҳурии Индонезия ва дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мусофирон ва сокинони шаҳр моро сахт андуҳгин намуд.
Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба мардуми дӯсти Индонезия изҳор намуда, бо арзи тасаллиёти самимӣ ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».
www.president.tj