Барқияи табрикӣ

№90 (3391) 04.07.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи сеюми июли соли 2015 ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Александр Григоревич!

Бо мамнунияти бузург ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Беларус ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти ин кишвар табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ирсол медорам.

Ҷумҳурии Беларус дар миёни авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати мо мақоми муҳим дорад. Мехоҳам қаноатмандии амиқи худро аз раванди рушди робитаҳои мутақобилан муфиди анъанавию дӯстонаи Тоҷикистону Беларус дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ махсус таъкид намоям.

Мо ба муносибот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус бо хушбинӣ назар намуда, барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи он ҷиҳати беҳбуди кишварҳо ва мардумонамон тамоми корҳоро бо боварии комил анҷом медиҳем.

Дар ин рӯзи муборак ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, сиҳатмандӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои минбаъда, ба халқи бародари беларус рафоҳат ва шукуфоиро таманно дорам».

www.president.tj