Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бояд танҳо ид бошад, на омили баҳсҳои сиёсӣ, зеро он ҷамъи парешонгаштаи миллати мо маҳсуб меёбад. Ду тарафи ба ҳам муқобил гузаштро аз ҳисси бадбинию интиқом боло гузоштанд. Вале ҳар қадар мо аз он рӯзҳои барои миллати тоҷик шуму тақдирсӯз дуртар меравем, баҳсҳои тозатар даври он ба миён меоянд. Тақсимот миёни қувваҳои алоҳида дар он хусус меравад, ки кадоме саҳми бештар дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузоштааст. Инҳо бо баҳонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ пайи бардоштани суду имтиёз барои худу гурӯҳҳояшон саргардонанд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамасола бо номи Ваҳдат ҷаласаю конфронсҳо меоросту худро ҳамчун як тарафи асосии сулҳ муаррифӣ мекард. Дар ин нишастҳо тавсифоти хушку холӣ аз «нақшу хизматҳо»-и ҲНИТ дар роҳи расидан ба сулҳ садо медоданду ҷониби Ҳукумат, ки гӯё ҳиссаи онҳоро нодида мегирад, санг партофта мешуд. 22-юми июни соли ҷорӣ бошад, наҳзатиҳо дар нишасти матбуотии худ эълон карданд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дигар барои онҳо ид нест. Яъне, барои онҳо мавҷудияти ҳизбашон аз тамоми арзишҳои дигар боло меистад. Чун офтоби сулҳу оромӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон дурахшон аст, чун ҲНИТ дар интихобот овоз нагирифт ва аз ду курсии дар парлумони кишвар доштааш маҳрум шуд, чун сафи ҳизбро даста-даста аъзои собиқаш тарк карда истодаанд ва эҳтимолияти баста шудани ҳизб ба миён омадааст, пас барои ҲНИТ ин рӯз ид нест. Онҳо идеро мепазиранд, ки худашон сари минбар қарор дошта бошанд. Ҳоло ҳам дарк накардаанд, ки Ваҳдат иди мардуми одист, на аз они гурӯҳе, ки барои манфиатҳои худу роҳнишондиҳандагони бегона Ватану миллатро ба хоку хун кашиданд.
Аслан ин рӯз барои он қисмате, ки солҳои 90-уми асри гузашта бадбахтии нангинро ба сари тоҷику тоҷикистонӣ оварданд, бояд рӯзи шарму пушаймонӣ бошад, зеро бегона не, тоҷик сари бародари худро аз тан ҷудо карду волидайнашро бефарзанд, ҳамсарашро беваю тифлонашро сағираю овора кард. Беш аз 150 ҳазор кушта шуд, ба маблағи даҳ миллиард доллари ИМА ба иқтисодиёти кишвар зарар ворид гашт, ки то ҳол моро ба худ омадан намегузорад. Дар назди ҷаҳониён зарбаи ҳалокатборе бар имиҷи миллату давлат зада шуд, ки аз оқибаташ то имрӯз сархамему шармсор. Вале ҷанобоне, ки дасти бевосита дар ин куштору харобкориҳо доштанд, боифтихор аз «нақши асосӣ»-ашон дар бастани сулҳ гап мезананду то ҳол саҳмия талаб доранд. Ба тақсимоти сулҳе машғуланд, ки барояшон бояд мояи шарм бошад, на ифтихор. Шарм дар назди виҷдон, шарм дар назди арвоҳи он саду анд ҳазоре, ки қурбони мансабталабӣ ва ҳукуматхоҳии эшон гаштанд.
Хеле аҷиб аст, вақте дар боби ҷангу ҷангандозҳо сухан меравад, хелеҳо худро қафо мекашанд ва чун аз сулҳ таъкид шуд, синаҳоро пеш меоранд. Имрӯз наҳзатиҳо худро боифтихор як тарафи сулҳ мегӯянд, вале 16 сол пеш яке аз муовинони собиқи сарвари ҲНИТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода менависад: «Ҳизби наҳзат ҳеҷ будани дастовардҳои амалии худро дарк карда, талош дорад, ки муваффақиятҳои Иттиҳодияи опозитсиюни тоҷикро, ки ба даст омадани Созишномаи умумии сулҳ, бозгашти муҳоҷирин ба кишвар, тазмини қонунӣ ёфтани фаъолияти ҳизбҳои динӣ, фароҳам шудани низоми навин ва демократии интихоботӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳост, ба худ нисбат дода, аз ин хиҷолати бузург берун ояд, вале барои ҳама рӯшан аст, ки ин дастовардҳо ба Ҳизби наҳзат ҳеҷ нисбате надоранд» («Ҷумҳурият», октябри соли 1999, «Оё Ислом фақат Ҳизби наҳзат аст?»)».
Сулҳи тоҷикон барои наҳзат ҳамеша василаи додугирифт буду ҳаст. Аввал барои гирифтани 30 дар сади вазифаҳо дар ҳукумат истифода шуд, акнун барои нигоҳ доштани ҳизб дар арсаи сиёсии кишвар мехоҳанд аз он истифода баранд. Ёд дорам, ки Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошта буд: «Агар дар вақташ медонистанд, ки имрӯз Созишномаи сулҳ пурра иҷро намегардад, онҳо зери он имзо намегузоштанд, яъне, 15 сол ҷанг идома меёфт». Ин суханон бори дигар собит мекунанд, ки Сулҳу Ваҳдат барои Кабирӣ ва ёронаш дар ҷои аввал намеистанд. Ин ҳарфҳо аз забони оне садо доданд, ки прагматикаш мехонему сиёсатмадори насли нав ва идеал барои ҷавонон ва посухи хубе мебошанд дар муқоисаи Кабирии дипломату олим бо Саид Абдуллои Нурии дарснодида ва дур аз улуми матраҳи динию дунявӣ. Нурӣ баръакси ҷойнишини ҷавонаш 15 сол пеш гуфта буд: «Сулҳ барои ҷомеа, мисли оксиген барои инсон аст. Ба қадри оксиген замоне мерасед, ки онро надошта бошед». Худ қазоват кунед. Аввалиро ёди шаҳидони ҷанг водор ба сулҳу оштӣ, андешаи харидории ҷони ҳазорҳо ҷавонмарди дигари тоҷик намуд, дуюмӣ изҳори пушаймонӣ аз сулҳ дорад ва дасти надомат бар пешонӣ мезанад, ки «агар мефаҳмидем чунин мешавад, 15 соли дигар меҷангидем», яъне ҳазорҳо ҷавонмарди дигарро ба хотири расидан ба аҳдофи сиёсии худ қурбон мекард.
Ва дар охир боз бармегардам сари тақсими саҳмҳо дар сулҳи тоҷикон. Баъзе сарварони ҲНИТ, аз ҷумла Кабирӣ, Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит ва дигарон ҳамеша мекӯшанд неруи онзамонаи наҳзатро пурқувват ва омили маҷбурсоз ва майлдиҳандаи Ҳукумат ба гуфтушунидҳо бо мухолифин нишон диҳанд. Мехоҳам таваҷҷуҳи хонандаро ба мусоҳибаи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бо хабарнигори ҳафтаномаи «Миллат» ҷалб кунам:
Хабарнигор: -«Гӯё устод Раббонӣ Шуморо, яъне роҳбарияти вақти Иттиҳоди собиқи мухолифини тоҷикро барои сулҳ кардан бо Ҳукумати Тоҷикистон маҷбур сохтааст».
Тӯраҷонзода: — «Шахсан маро маҷбур накарда буданд, вале наҳзатро ва домулло Нуриро маҷбур карда буд. Инро ҷои пинҳон карданаш нест. На танҳо моро маҷбур ба сулҳ кард, балки Аҳмадшоҳ Худо раҳматаш кунад, шашсад тан размандаи моро халъи силоҳ кард» («Миллат» №44 (322) аз 2 ноябри соли 2011).
Пас ҳоҷат ба нақшкобию тақсими саҳмҳо чист, агар наҳзатро маҷбур ба сулҳ кардаанд?
Онҳое, ки дар ин Ватан зиндагӣ намудаю ақидаю ниятҳои ғайрро думболагирӣ мекунанд, бигузор ин идро ҷашн нагиранд, зеро ин ид дар ҳақиқат бо онҳо иртиботе надорад. Иди Ваҳдат – иди тафриқаандозону моҷароҷӯён нест.
Иди Ваҳдат иди онҳоест, ки манфиату арзишҳои миллии хеш, соҳибистиқлолии Ватанро муқаддам аз ҳама медонанд. Иди онҳоест, ки ранҷу азобҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар пӯсту ҷони худ эҳсос кардаашонро фаромӯш накардаанд ва ба қадри ҳар як сонияи шуълапошии офтоби сулҳу амният дар фазои кишвар мерасанд.
Валиҷони Камол