Ҷавонмардӣ хислати ҳамидаи инсон аст ва шахсе, ки дорои чунин хулқи накуст, ҳам ба худу наздиконаш ва ҳам ба ҷомеа манфиати зиёд меорад. Барои инҳо қабил ашхос дилмондагӣ, ноумедӣ, бахилӣ ва монанди инҳо хислатҳои бад хос нест.
Вақте бо Музаффар Саймудинов шиносу ҳамсуҳбат шудам, хислатҳои накуи ҷавонмардиро дар ӯ мушоҳида кардам. Пештар ӯро ғоибона мешинохтам ва фаҳмида будам, ки инсони масъулиятшинос, ватандӯст ва некзамир аст. Зимни аз наздик шиносоӣ пайдо кардан ин гуфтаҳо исботи худро пайдо карданд.
Мавсуф хатмкардаи Донишкадаи ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкант (солҳои 1982-1987) мебошад. Вақте дар бораи фаъолияти меҳнатиаш пурсон шудем, нахуст аз қиблагоҳаш, шодравон Муҳридин Саймудинов ёдовар шуд: Падараш дар ҷомеа соҳиби иззату обрӯ буд ва ҳоло аз номбурда ба некӣ ёд мекунанд:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Муҳридин Саймудинов аз нахустин мутахассисони техникии радио ва телевизиони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1959 дар Идораи алоқаи шаҳри Кӯлоб ба сифати техник оғоз ёфта,баъди фаъолияти пурсамари чандинсола, соли 1985 директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикбытрадиоэлектроника» таъин гардид. Соли 1992 бо иқдоми М. Саймудинов дар заминаи Маркази савдои «Гарант» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Кафолат» ташкил карда шуд. Хизматҳояш бо унвони «Корманди хизматнишондодаи соҳаи хизматрасонии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Аз соли 1995 то охири умр вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буд.
Баъди вафоташ соли 1997, аъзои ҷамъияти номбурда Музаффарро, ки чанд сол дар коллектив кор кардаву ҳамчун ҷавони худогоҳ ва мутахассиси хуб муаррифӣ гардида буд, якдилона роҳбари худ интихоб карданд.
- Бароям ин сол соли имтиҳони ҷиддӣ буд. Аз як ҷониб, идомаи фаъолияти пурсамари қиблагоҳ ва сазовори боварии коллектив гардидан, аз ҷониби дигар иҷрои вазифаи пурмасъулият дар лаҳзаҳои тақдирсози миллат. Ҳамон сол Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва корҳои созандагӣ барои ободии Ватан оғоз гардида буданд, — мегӯяд Музаффар Саймудинов.
Аз имтиҳони ҷиддӣ гузашт, боварии коллективро ба даст овард, дар роҳи амалӣ гардидани ниятҳои неки падар қадамҳои устувор гузошт ва барои рушду пешрафти кишвари азиз корҳои назаррасро анҷом дод. Фаъолияти мавсуф ба эълони Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад ва ҳаждаҳ сол боз ҳамчун роҳбари ҶСК «Кафолат» дар бунёдкориву созандагиҳои Тоҷикистон саҳмгузорӣ менамояд. Муассисае, ки ба он роҳбарӣ мекунад, фаъолияти тиҷоратӣ (хариду фурӯши масолеҳи сохтмонӣ), сайёҳӣ, содироти асал, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ғайраро пеш мебарад. Ӯ, ки шахси корозмудаву некният аст, дар ҳамаи бахшҳои зикргардида комёбиҳо ба даст овардааст.
Музаффар Саймудинов узви Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аст ва дар ҷаласаҳои ин Шӯро мунтазам бо андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодоти мушаххас маърӯзаҳо менамояд.
- Шарафёб шудам, ки якчанд маротиба дар сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ он касро ҳамроҳӣ намоям ва бевосита аз суҳбату маслиҳатҳои ин абармард баҳравар шавам. Сарвари давлат моро ҳамеша таъкид менамоянд, ки софдилона, бо нияти нек, дасту дили пок фаъолияти хешро ба роҳ монем. Маҳз бо иқдом ва дастгириҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорӣ дар кишвар рушд ёфта, фазои сармоягузорӣ беҳтар гардидааст. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки ба нафъи халқу Ватан ва шукуфоии ҳар чӣ бештари Тоҷикистони азиз саъю талош намоем,- иброз медорад М. Саймудинов.
Қаҳрамони мо баҳри пешрафти ҷумҳурӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ додааст. Аз ҷумла вақте имкони саҳмгузорӣ дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» фароҳам омад, яке аз аввалинҳо шуда, ба маблағи 206 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намуд. Насиҳатҳои падар ва таъкидҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба дастгирии ятимону бепарасторон ва муҳтоҷонро Музаффар Саймудинов ҳамеша мадди назар қарор дорад. Ҳар сол ба ятимону собиқадорони ҷангу меҳнат дар арафаи ҷашну маросимҳо кумак мерасонад. Дар ободонии пойтахт, махсусан бунёди иншооти гуногун дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе саҳм дорад.
ҶСК «Кафолат» чандин сол аст, ки Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимону бепарасторони ноҳияи Тавилдараро зери сарпарастии худ қарор додааст. Мактубҳои зиёди миннатдорие, ки ба унвони мавсуф расидаанд, гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.
Дар ҷараёни суҳбат Музаффар Саймудинов аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бахшида ба 18- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор гардид, ёдовар шуда, аз боби дастгирии наврасону ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуби гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи наслҳои минбаъда ва масъулияти падар ва модар бо ғамхорӣ ҳарф зад.
Тазаккур бояд дод, ки оилаи М. Саймудинов намунаи ибрат аст. Ҳамроҳ бо ҳамсари меҳрубонаш Мадина Саймудинова, ки соҳиби касби духтурист, шаш нафар фарзандонро таври намунавӣ тарбия кардаанд. Духтари калонӣ — Малика донишҷӯи аълохони бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Писараш Муродҷон чанде пеш донишҷӯи Донишгоҳи политехникии Конфедератсияи Швейтсария гардид. Вай забонҳои русӣ, немисӣ, англисӣ ва фаронсавиро медонад. Дар як муддати кӯтоҳи таҳсил Муродҷон аллакай ҳамчун донишҷӯи фаъол ва дорои ахлоқи ҳамида шинохта шудааст. Ба наздикӣ аз номи директори донишгоҳи мазкур доктор Елизабет Вэшенфелдер ба унвони М. Саймудинов номаи миннатдорӣ расид. Вақте бо ин нома, ки аз ду варақ иборат аст, шинос шудем, воқеан кас аз чунин ҳамватани наврасамон ифтихор мекунад. Дар нома ба истеъдоди фавқулодаи навраси тоҷик баҳои баланд дода, чунин зикр гардидааст: «Ин ҷавони тоҷикро омӯзонида, мо худ низ аз ӯ меомӯзем». Фарзандони дигараш Насиба, Аниса, Муҳриддин ҳам дар анҷоми соли таҳсили соли 2014 — 2015 ба хона ифтихорномаҳо оварданд.
Музаффар Саймудинов яке аз сабабҳои пешрафту комёбиҳои имрӯзаашро аз дуои модари бузургвораш Сабоҳат Каримова медонад, ки ҳамчун мутахассиси соҳаи алоқа соф-дилона ифои вазифа намуда, ҳоло даври пирӣ меронад.
- Ҳар субҳ пеш аз ба кор омадан дуои неки модари арҷмандамро мегирам. Ҳамеша маро таъкид мекунад, ки корҳоямро бо дасту дилу нияти пок анҷом диҳам, — гуфт дар поёни суҳбат Музаффар Саймудинов.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»