Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз музаффариятҳои даврони Истиқлолият маҳсуб меёбад. Агар солҳои пеш вилоят давоми 6 — 7 моҳ бо маркази ҷумҳурӣ иртиботи нақлиётӣ надошт, кушодашавии шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб-Дарвоз — Хоруғ — Кулма — Қароқурум ВМКБ-ро ба як минтақаи транзитӣ табдил дод. Имрӯз тариқи роҳҳои вилоят ҳазорҳо тонна бор аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамлу нақл шуда, нақлиёти зиёди мусофиркаш равуо доранд. Ҳаҷми боркашонӣ тариқи ин роҳҳо танҳо дар соли сипаришуда ба 592,2 ҳазор тонна расид, ки ин нисбат ба як соли пеш 15,2 фоиз зиёдтар аст. Ҳаҷми мусофиркашонӣ низ ҳафт фоиз афзуда, ин раванд сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад.
Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки имрӯз танзими ҳаракати нақлиёти мусофирбар қонеъкунанда нест. Дар кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ, махсусан дар назди бозори марказӣ тамбашавии нақлиёт бисёр ба мушоҳида мерасад. Баъзе ронандаҳои нақлиёти мусофиркаш дар хатсайрҳои шаҳрӣ бе ҳуҷҷатҳои даркорӣ, аз ҷумла патент ва ғайра ба кашонидани мусофирон машғуланд.Чунин мисолҳоро аз дигар минтақаҳои вилоят низ овардан мумкин аст.
-Чаро ҳол чунин аст?, — мепурсем аз сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар вилоят Зоҳирбек Мамадёқубов.
Номбурда арз намуд, ки Раёсат фаъолияти нақлиёти боркашу мусофиркашро танзим мекунад. Дар баробари ин, кормандони Раёсати мазкур дар ғанигардонии буҷет аз ҳисоби иҷозатномадиҳӣ низ саҳми назаррас доранд. Ба гуфти З. Мамадёқубов, танҳо соли сипаригашта ба 251 нафар соҳибкорони инфиродӣ барои фаъолият иҷозатнома дода, аз ин ҳисоб ба буҷет 61600 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Ба ҷамъияту муассисаҳои нақлиётӣ 661 варақаи назоратӣ дода, аз ин ҳисоб 24000 сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд.
Айни ҳол дар вилоят 62 хатсайри мусофиркашонӣ амал мекунад. Бо кӯшиши Раёсат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ дар тамоми минтақаҳо терминал ва ҷамъиятҳо ташкил карда шудаанд. Воситаҳои нақлиёти мусофиркаше, ки аз дигар минтақаҳои вилоят вориди шаҳри Хоруғ мешаванд, тариқи шартнома бо терминали мусофиркашонии шаҳр фаъолият мекунанд. Дар Терминали мусофиркашонии шаҳри Хоруғ сатҳи хизматрасониро ҳамасола баланд бардошта, барои ронандагону мусофирон меҳмонхона, ҷой барои модару кӯдак, шароит барои муоинаи тиббӣ, утоқи чиптафурӯшӣ муҳайё аст.
Дар ин самт ҳанӯз камбудиву норасоиҳои зиёде ҷой доранд ва зимни санҷишҳо камбудиҳо ошкор шуда, баҳри бартараф намуданашон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд. Масалан, соли сипаригашта дар рафти гузаронидани санҷишҳо вобаста ба камбудиҳои ошкоргардида ба сардорони ҶДММ «Али-Техникс», Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дарвоз, Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шуғнон, Терминали боркашонии «Мамадзиё — 2005» огоҳиномаҳо дода шуданд.
Айни ҳол бо мақсади пешгирии тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар назди бозори марказии шаҳр нуқтаҳои оғози хатсайрҳои шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ тағйир дода шуданд, ки ин то андозае ба ҳалли мушкилот мусоидат мекунад. Ба назари мо ин як чораи муваққатист ва ба он боварем, ки он ҳалли пурраи худро баъди анҷоми сохтмони пул дар маҳаллаи «Селхозтехника» пайдо мекунад. Айни замон ягона кӯчаи марказии шаҳр барои равуои мошинҳои боркашу мусофирбар тангӣ мекунад ва роҳи ҳалли ин мушкил тезонидани сохтмони пули мазкур мебошад.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»