Гуфтугӯи телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

№91 (3392) 06.07.2015

Шашуми июли соли 2015 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоевро бо ҳафтоду панҷумин солгарди ҳаёти бобаракаташ самимона табрик гуфта, барояш саломатии қавӣ ва комёбиҳои навин орзу кард.

Зимни суҳбати гарму бародарона ибрози умед шуд, ки иртиботи дӯстона ва бисёр хуби ду кишвар дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.

www.president.tj