Дар бораи муҳорибаи Сталинград, ки 200 рӯз ҷанги хунину тан ба тан мерафт, бисёр китобҳо хонда, нақлҳо шунида будам. Аммо «шунидан кай бувад, монанди дидан»…
Соли 1975 мо-чор нафар донишҷӯёни факултети забонҳои шарқи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мебоист ба курси семоҳаи Донишгоҳи забонҳои шарқи шаҳри Москва мерафтем. Дар фурудгоҳ ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷамъ омада буданд. Ҳамаашон ба шаҳре мерафтанд, ки дар он ҷо ҷангидаанд. Ғарқи андеша будам, ки шахсе маро пеши худ хонд.
- Ҳа додар, сафар ба хайр?
- Ба Москва. Билет дарёфт накардем, маҷбурем, ки баъди се рӯз сафар кунем. Ӯ моро таклиф кард, ки ба воситаи шаҳри таърихии Волгоград сафар намоем.
Дар бораи Қӯрғони Мамай ба мо ҳикояҳои аҷиб мегуфт, худаш ин ҷойҳои таърихиро бо чашмаш дидааст, ману ҳамсафаронам қарор додем, ки бо ҳамроҳи ин одами шинос ба Волгоград ва сипас ба Москва равем.
Баъди қариб се соати парвоз фуруд омадем. Замини Волгоград чунон сарсабз буд, ки гӯё ҳама ҷояшро махмалпӯш кардаанд. Осмони кабуд, софу беғубор, гӯё дар ин сарзамин ҳеҷ гоҳ ҷанг набудааст. Вақте чашмам ба тарафи чапи фурудгоҳ, ба иморати куҳнаю харобе афтод, дилам таҳ хӯрд. Деворҳои бино занбӯрхонаро мемонд. Онро тиру снаряд саросар сӯрох карда буд. Ин иморат гӯё ба забони ҳол мегуфт: «Эй мусофир, даме таваққуф кун, ту ба манзиле по ниҳодаӣ, ки дар он маргу ҳаёт бо ҳам талош доштанд ва баъди ҷонбозиҳои зиёде ҳаёт маргро мағлуб кард».
Аз ронандаи таксӣ илтимос намудем, то моро ба Қӯрғони Мамай барад. Ронанда шояд меҳмон будани моро пай бурда бошад, зуд аз хусуси ин ҷойи таърихӣ ба ҳикоя сар кард. «Дар он ҷо шиносам ҳаст, ба ӯ мегӯям, ки дар бораи Сталинград ва ҷонбозиҳои муҳофизони он ба шумо нақл кунад. Азбаски меҳмон ҳастед, шуморо бо роҳи наздиктарин, ки онро роҳи Хрушов меноманд, мебарам», — гуфт вай. Вақте ки дар Анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ Сталинро ба шахспарастӣ муттаҳам карданд, номи пешинаи Сталинградро барҳам доданду он боз номи Волгоградро гирифт.
Хуллас, сӣ километрро тай намудему ба маҷмааи ёдгории Қӯрғони Мамай расидем. Ронанда мошинро боздошту ашкҳои чашмашро пок намуд. Кайҳост, ки шаҳри мо садои тиру туфангро намешунавад, вале ҳар гоҳ ки ба ин ҷо меоям, он рӯзҳо ба хотирам мерасанд.
- Ана аз зинапоя болотар болои санги мармар, зери он гулдони зебо як чиз ниҳон аст. Дар он нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Иосиф Виссарионович Сталин аз тилло сохта шуда буд. Вақте ки ӯро бадном карданд, хостанд ин нимпайкараро низ бартараф кунанд, вале мардуми таҳиҷоӣ онро шабу рӯз посбонӣ мекарданд. Илоҷи дигар набуд, онро бо оҳан пӯшонданд ва болояш ҳар рӯз гули тару тоза мемонанд. Дар зери ин хоки муқаддас ду бародарам ва хешони наздикам абадӣ хоб рафтаанд», — гуфт ӯ. Чун қадам ба ин замин гузоштем, мисраъҳои шоири ширинкалом Мӯъмин Қаноат, ки дар васфи Қӯрғони Мамай гуфтааст, ба хотир омаданд.
Замини безабон, Хоки шаҳидон! Дор маъзурам,
Ба он ҷое, ки ёрон сар ниҳода, пой мемонам.
Бубахшед, эй азизон, гар қадам беҷой мемонам…
Шаҳри Волгоград хушманзара аст. Дар ҳар як кӯча лавҳаҳои ёдгорӣ гузошта шудаанд. Аз маркази шаҳр то соҳили дарёи Волга қариб 80 километр роҳ аст. Тирамоҳи соли 1942 хати фронти душман аз соҳили Волга ҳамагӣ 400-500 метр дур буд. Ҷанг шабу рӯз давом дошт.
Ғалабаи Сталинград аҳамияти калон дошт. Бесабаб нест, ки дар музейи таърихии ин шаҳри бошараф Грамотаи Президенти ИМА Ф. Рузвелт, Шамшери фахрии шоҳи Британияи Кабир Георги VI ва мукофотҳои дигар давлатҳо, аз қабили Эфиопия, Франсия, Финландия, Ҳиндустон, Чехославакия, Италия, Япония ва ғайра маҳфузанд.
Қӯрғони Мамай аз ҳама тараф намоён аст. Онро Рассоми халқии ИҶШС, Лауреати мукофоти ленинӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Е. В. Вучетич бо ҳамкории меъмори номдор, Лауреати мукофоти ленинӣ Я. Б. Белополский сохтаанд. Аз тарафи рости он хонаи мудавваре ҳаст, ки дар он оташи ҷовид фурӯзон мебошад. Девори он аз сангҳои рангоранги мармарин ва болои он номи онҳое, ки дар муҳорибаи Сталинград ҷонбозиҳо кардаанд, сабт шудааст. Дар болои бурҷи ин хонаи мудаввар чунин навишта шудааст: «Мо қарзи Ватанро адо кардем».
Хонаи Павлов, ки дар маркази Волгоград воқеъ гардидааст, ёдгории аҷибест. Ин бинои чорошёнаро намояндагони 13 миллат аз душман муҳофизат кардаанд ва номи онҳо дар Дафтари фахрии музей сабт шудааст.
Ҳангоми хайрбод бо шаҳри каҳрамон боз сатрҳои зерини Мӯъмин Қаноат беихтиёр ба забон меомаданд:
Замини қаҳрамон, Хоки шаҳидон! Дор маъзурам,
Ба он ҷое, ки ёрон сар ниҳода, пой мемонам.
Бихобед, эй азизон, ман қадам барҷой мемонам.
Аз он рӯз расо чил сол гузашт, аммо хотираҳо аз ин шаҳри қаҳрамон ҳанӯз ҳам зудуда намешавад. Бахусус бинои таъмиршудаи осорхонаи мудофиа, ки солҳои аввали инқилоб дар он ситоди мудофиавии Саритсина ҷой гирифта буд. Ҳамаи экспонатҳои ҳарбӣ дар он ҷой дода шудаанд, аз ҷумла тамоми намудҳои яроқ ва ҳоказо… Вале чизи аз ҳама ҷолиб, ки инсонро мутаассир месозад, варақаи соли 1942, ки бо даст навишта шудаасту аз қаҳрамонии Матвей Путилов нақл мекунад, маҳсуб меёбад. Дар он минҷумла омадааст: « … алоқаро барқарор карда, ӯ бо сими алоқа дар дандонҳо мардонавор ҷон дод. Қасоси Матвейро аз душман мегирам!»
-Соли 1942 дар таърихи Сталинград ҷанги шадидтарин ҳисоб меёфт. Заводи тракторсозии Сталинград, ки дар як сол қариб 36 ҳазор трактористеҳсол мекард, шумораи зиёди танкро истеҳсол карда, зидди душман равон менамуд. Душман ба ин муқобилияти ҷанговарон дигар тоб наоварда, рӯз аз рӯз ба маҳвшавӣ наздик мешуд.
Ҷанг, ҷанг аст дар он қафо гаштан мумкин нест. Моҳи ноябри соли 1942 ҳуҷум дар самтҳои шимолу ғарб ва ҷануб оғоз гардид. Хатти мудофиавии душманро рахна кардем. Тамоми ҷанговарон шуҷоату далерӣ нишон доданд, — нақл кард ҷанговари матини бадахшонӣ, дорандаи ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи-II Вазиршо Олимов, ки дар муҳорибаҳои сахттарин барои озод кардани Сталинград иштирок кардааст.
Маҳз дӯстиву бародарӣ ва якдилии мардуми шӯравӣ буд, ки рӯз аз рӯз ҷанговарони мо қавитару неруманд гашта, душманро маҳв намуданд. Имсол ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 70 сол пур шуд. Бори дигар аз мардонагии халқи бузурги советӣ ёдовар шуда, ба ҷасорату мардонагиашон сари таъзим фуруд меорем.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»