Мутаассифона, фаъолияти таблиғотии гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ дар қаламрави аксари кишварҳо доман густурда, иддае аз ҷавонони гумроҳ ва дур аз маърифатро ба сафҳои худ ҷалб кардааст.
Ин масъала дар шароити кунунӣ боиси нигаронии мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа гардидааст. Ба хотири ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди дигар падидаҳои номатлуб дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ҳузури узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назарзода Шариф Раҳмон ҷаласаи фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Бино ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, айни ҳол 74 сокини вилоят дар ҷангҳои Сурия қарор доранд, ки аз ин шумор 21 нафарашон зану фарзандони ноболиғи худро низ ба ин кишвари ҷангзада бурдаанд. Назарзода Шариф Раҳмон бо нигаронӣ аз ин раванд гуфт, ки мубаллиғони ин гурӯҳҳо бо таҳмили фарҳанги бегона мафкураи ҷавонон ва занони тоҷикро заҳролуд карда, онҳоро баробари волидайн ва бародарону хоҳарони худашон муқобил мегузоранд. Ин гуна ҷавонон тавассути телефон ҳамсар ва модари худашонро маҷбур месозанд, ки либоси бегонаро ба бар кунанд, дар акси ҳол аз баҳри онҳо мебароянд.
Танҳо аз хонаводаи Нозимовҳо аз ноҳияи Спитамен ҳашт нафар ба ҳамроҳии занон ва атфоли ноболиғ дар Сурия қарор доранд. Сокини ноҳияи Спитамен Раъно Содиқова зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки писаронаш Шуҳрату Ғайрат бо ҳамроҳии келину набераҳояш дар Сурия умр ба сар мебаранд. Ин модари зор бо ашки шашқатор иброз дошт, ки ахиран суратҳои фарзандону набераҳояшро аз ин кишвари ҷангзада дастрас намудааст, ки дар даст силоҳи оташфишон доранд. Махсусан, сурати наберааш Асадбеки 14 — сола, ки дар тан либоси низомӣ ва дар дасташ силоҳ дорад, модаркалонашро бисёр ба риққат овардааст. Имрӯз ҳамсолони вай дар Ватан дар даст китобу қалам ба таълиму тадрис машғуланд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода ва нафарони дигар бо маҳкум кардани гурӯҳҳои ифротӣ ва мубаллиғони онҳо аз аҳли ҷомеа даъват намуданд, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ, ки таҳдид ба амният ва оромии кишвар доранд, пешгирӣ намоянд.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»