Дастуру супоришҳо ба беҳбудӣ бахшидани зиндагии сокинони шаҳр нигаронида шудаанд

№92 (3393) 08.07.2015

Городская ума палатаШашуми июли соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа, қабл аз ҳама, ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №316 аз 17 июни соли 2015 «Дар бораи ғанигардонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин росто, Раиси шаҳр ба ҳамаи соҳибкороне, ки дар пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе нақши бориз доранд, изҳори сипос намуда, ҳамзамон сохторҳои марбутаро муваззаф сохт, ки ҷиҳати назорати татбиқи мақсадноки қарори мазкур, ки баҳри дастгирии иҷтимоии кулли сокинони шаҳр нигаронида шудааст, чораҳои муассиртар андешанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа таваҷҷуҳи масъулинро ба натиҷагирии ҳолати татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2015 нигаронида, дастур фармуд, ки дар таносуби ҳар як сохтор ва субъекти хоҷагидорӣ нишондодҳо дар алоҳидагӣ таҳлил ва нисбати вусъати фаъолияти минбаъда тадбирҳо андешида шаванд.

Дар ҷаласа масоили таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию экологӣ, бо инобати гармии ҳаво вусъати корҳои профилактикӣ оид ба эмин нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр аз гармӣ, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоот, назорати риояи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъ будани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон дар қаламрави шаҳр, безараргардонии сагҳои дайду, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо ва тақвиятбахшии фаъолияти Ситоди  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  шаҳри Душанбе дар мавзеъҳои оббозии сокинон ва манъ намудани оббозии шаҳрвандон дар назди каналу дарёҳои марзгузари шаҳр, раҳнамунсозии зарфияти соҳибкорон, сохторҳои ҷамъиятию аҳли ҷомеа дар ободонии роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллаҳо, ҷорӣ намудани либоси ягона дар тамоми субъектҳои хизматрасонӣ,  риояи фарҳанг ва одоби шаҳрнишинӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, вусъати тадбирҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, пешгирӣ намудани ғасби худсаронаи қитъаи замин    ва таъмини волоияти қонун дар ин самт, роҳандозии ҳисобрасии сартосарии моликияти коммуналӣ дар шаҳр ва ҳолати роҳҳову иншооти роҳсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас  ироа гардиданд.

Ш. САИДОВ